Дар шаҳри Турсунзода хусур ба куштори домод гумонбар мешавад

Date:

Марди 65-солаи сокини шаҳри Турсунзода ба гумони даст доштан дар куштани домодаш боздошт шуд, хабар медиҳад ВКД Тоҷикистон.

“Мард ба барқасдона расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки боиси марг шуд, гумонбар дониста мешавад. Муноқиша байни мардон шоми 10 июн рух дода, домоди 51-сола ба хонаи гумонбаршуда меояд, то ки ҳамсарашро ба хона баргардонад”, – хабар медиҳад манбаъ.

Гуфта мешавад, дар ҳамин ҳол,  домод нисбат ҳамсар ва хусураш суханҳои қабеҳ гуфта, онҳоро дашному ҳақорат медиҳад.

“Аз ин кори домод хусураш ба ғазаб омада, бо каланд ба сари домодаш зарба мезанад, – зикр мешавад дар хабар. – Дар натиҷа домод ҷароҳати ҷиддӣ бардошта, дар бемористон ҳалок шудааст. Тафтишот идома дорад”.

Дар бораи сабаби рух додани муноқиша байни хусуру домод ва чаро дар хонаи падараш қарор доштани ҳамсари мард хабар дода нашудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...