Бозии дуюми футболбозони тоҷик низ дар «CAFA Nations Cup-2023» мусовӣ анҷом ёфт

Дар даври дуюми мусобиқоти Ҷоми Миллатҳои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA Nations Cup-2023) дар гурӯҳи «А» мунтахаби футболи Тоҷикистон бо тими Уммон бозӣ кард. Тавре ки Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, вохӯрӣ мусовӣ – 1:1 анҷом ёфта, футболбозони тоҷик қариб пурра дар қисми дуюми бозӣ 10 нафар бозӣ карданд, зеро дар дақиаи 52-юм Табрез Исмоилов […]

Asia-Plus

Дар даври дуюми мусобиқоти Ҷоми Миллатҳои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA Nations Cup-2023) дар гурӯҳи «А» мунтахаби футболи Тоҷикистон бо тими Уммон бозӣ кард.

Тавре ки Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, вохӯрӣ мусовӣ – 1:1 анҷом ёфта, футболбозони тоҷик қариб пурра дар қисми дуюми бозӣ 10 нафар бозӣ карданд, зеро дар дақиаи 52-юм Табрез Исмоилов аз майдон хориҷ шуд.

Ҳисобро дар дақиқаи 14-уми бозӣ бо зарбаи 11-метра футболбози Уммон Саллаҳ Ал-Яҳёӣ боз намуда, як дақиқа пеш аз анҷоми қисми 1-ум Ваҳдат Ханнонов ҳисобро баробар кард. Ҳарчанд аз дақиқаи 52-юм футболбозони тоҷик 10 нафар бозӣ карда бошанд ҳам, ҳисоби мусовиро нигоҳ дошта тавонистанд.

Дар бозии дигари гурӯҳи “А” мунтахаби Ӯзбекистон тими Туркманистонро бо ҳисоби 2:0 шикаст дода, бо касби 6 имтиёз дар 2 бозӣ пеш аз муҳлат зинаи якумро дар гурӯҳ ишғол намуд ва ба даври финалии мусобиқоти «CAFA Nations Cup-2023» роҳхат гирифт.

Мунтахаби Тоҷикистон соҳиби 2 имтиёз ва дастаҳои Уммону Туркманистон 1-имтиёзӣ доранд. Мавқеи ниҳоии дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “А” пас аз даври сеюми охирин маълум мешавад.

Мавқеи дастаҳо дар гурӯҳи "А" пас аз 2 давр:

Дар даври охирини марҳилаи гурӯҳии мусобиқоти «CAFA Nations Cup-2023» мунтахаби Тоҷикистон бо тими Ӯзбекистон ва Туркманистон бо Уммон бозӣ мекунанд. Вохӯрии футболбозони тоҷик бо мизбонони мусобиқа – тими Ӯзбекистон рӯзи шанбе, 17 июн дар варзишгоҳи “Бунёдкор”-и шаҳри Тошканд соати 20:30 оғоз мегардад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.