Беш аз 73 ҳазор сомонӣ зарар овард. Сарнозир ба барқфурӯшӣ айбдор мешавад

Дар Душанбе ҳолати дуздии барқ ошкор гарддидааст, ки ба “Шабакаҳои тақсимоти барқ”-и пойтахт беш аз 73 ҳазор зарар овардааст. Дар ин бора Додистонии шаҳри Душанбе хабар медиҳад. Ба гуфтаи манбаъ, Ш.Р., сарнозири зеристгоҳи “Навбаҳор”-и Шабакаҳои барқии ноҳияи Сино-1 бо роҳи дуздӣ як хати 3 ноқила (3 фаза)-ро берун аз ҳисобгираки барқӣ ба коргоҳи як соҳибкор […]

меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Дар Душанбе ҳолати дуздии барқ ошкор гарддидааст, ки ба “Шабакаҳои тақсимоти барқ”-и пойтахт беш аз 73 ҳазор зарар овардааст. Дар ин бора Додистонии шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, Ш.Р., сарнозири зеристгоҳи “Навбаҳор”-и Шабакаҳои барқии ноҳияи Сино-1 бо роҳи дуздӣ як хати 3 ноқила (3 фаза)-ро берун аз ҳисобгираки барқӣ ба коргоҳи як соҳибкор гузаронидааст.

Ин ниҳод мегӯяд, сарнозир ин корро бо маслиҳати пешакӣ бо соҳибкор ва бо мақсади озод намудан аз пардохти ҳаққи истифодаи қувваи барқ ва расонидани зарар ба ташкилоти таъминкунандаи нерӯи барқ амалӣ крадааст.

“Тибқи хулосаи Раёсати назорати давлатии энергетикии шаҳри Душанбе  муштарӣ Т.А. қувваи барқро тариқи дуздӣ ба миқдори 60 ҳазору 434,88 кВт/с  ғайриқонунӣ истифода намуда, ба маблағи 73 ҳазору 307 сомонӣ ба филиали ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳри Душанбе зарар расонидааст”, – гуфтааст Додситонии шаҳри Душанбе.

Оиди ҳолати мазкур нисбати Ш.А. ва Т.А. барои расонидани зарари молу мулкӣ бо роҳи фиреб ё сўиистифодаи боварӣ бо расонидани зарар ба миқдори калон (моддаи 253 қисми 3, банди “б”-и Кодекси ҷиноятии ҶТ) парвандаи ҷинотяӣ оғоз гардида, тафтиши пешакии он идома дорад.

Ин банди қонунгузорӣ аз 547 то 912 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда барои ҳисобҳо 68 сомонӣ) ҷарима ё аз 3 то 5 сол зиндонӣ пешнибнӣ мекунад. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.