Имрӯз, 16-уми июн, бо иштироки 40 ҳазор нафар дар масҷиди калонтарини Тоҷикистон аввалин намози ҷумъа баргузор шуд. Мусулмонони кишвар ин ҷумъаро дер боз интизор буданд. Хабарнигори “Азия-Плюс” аз нахустин намози ҷумъаи масҷиди калонтарини Тоҷикистон гузориш таҳия кард.
Ин масҷид ҳафтаи гузашта бо иштироки раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва амири Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ ифтитоҳ шуд. Тайи як ҳафта дар ин ҷо намозҳои панҷвақта баргузор мешуд.
Дар бораи масҷид ва маросими ифтитоҳи он муфассал дар матлаби "Расман: Калонтарин масҷиди Тоҷикистон ифтитоҳ шуд" хонед.
Ин масҷид дар ҳудуди 12 гектар, ки бинои масҷид дар 3 гектари он ҷойгир шудааст ва дорои 3 даромадгоҳи калон мебошад, бунёд гардидааст. Масҷид имконияти ғунҷоиши 133 ҳазор намозгузорро дар як вақт дорад, ки аз ин шумора 43 ҳазор намозгузор дар дохили масҷид ва боқимонда дар гирду атрофи он ҷой мегирад.


