Сокинони минтақаи Кӯлоб аз истифодаи барқ беш аз 230 млн сомонӣ қарздоранд

Қарзи сокинон ва корхонаву муассисаҳои минтақаи Кӯлоб аз истифодаи нерӯи барқ ба 391 миллиону 546 ҳазор сомонӣ расидааст. Аз ин 232 миллиону 415 ҳазор сомонӣ қарзи сокинон мебошад. Дар ин бора Баҳром Ҳикматзода, роҳбари тиҷоратии намояндагии ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар минтақаи Кӯлоб дар суҳбат бо рӯзномаи “Садои мардум” гуфтааст. Танҳо дар 4 моҳи соли […]

Asia-Plus

Қарзи сокинон ва корхонаву муассисаҳои минтақаи Кӯлоб аз истифодаи нерӯи барқ ба 391 миллиону 546 ҳазор сомонӣ расидааст. Аз ин 232 миллиону 415 ҳазор сомонӣ қарзи сокинон мебошад. Дар ин бора Баҳром Ҳикматзода, роҳбари тиҷоратии намояндагии ҶСК Шабакаҳои тақсимоти барқ дар минтақаи Кӯлоб дар суҳбат бо рӯзномаи “Садои мардум” гуфтааст.

Танҳо дар 4 моҳи соли 2023 қарзи истифодаи нерӯи барқ 4 миллиону 833 ҳазор сомонӣ зиёд гардид, ки 2 миллиону 148 ҳазор сомонӣ ба аҳолӣ марбут мебошад.

“Бештари қарз ба Идораи обу корези шаҳри Кӯлоб ва Муассисаи равшанидиҳии шаҳр рост меояд. Дар як моҳ Идораи обу корези шаҳр ба маблағи 280 — 300 ҳазор сомонӣ нерӯи барқ истифода мекунад. Аммо аз 10 то 20 ҳазор сомонӣ маблағ месупораду халос. Муассисаи равшанидиҳии шаҳр дар чор моҳи соли 2023 ягон сомонӣ напардохтааст”, – навиштааст ин рӯзнома.

Баҳром Ҳикматзода аз афзоиши қарз аз истифодаи нерӯи барқ дар шаҳру навоҳии ин минтақа низ нигаронӣ кардааст.

Ба иттилои ӯ, то 1-уми апрели соли ҷорӣ аҳоли ва сохторҳои маҳаллӣ аз истифодаи нерӯи барқ дар ноҳияи Восеъ беш аз 65 миллион сомонӣ, ноҳияи Фархор беш аз 27 миллион сомонӣ, ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ қариб 26 миллион сомонӣ, ноҳияи Темурмалик 14 миллион сомонӣ, ноҳияи Муъминобод 24 миллион сомонӣ, ноҳияи Ховалинг зиёда аз 19 миллион сомонӣ, шаҳри Кӯлоб беш аз 173 миллион сомонӣ ва ноҳияи Данғара 32,5 млн сомонӣ қарздоранд.

Дар 4 моҳи соли равон нозирони барқ дар минтақаи Кӯлоб нисбат ба 2143 истифодабарандаи барқ санадҳои маъмурӣ тартиб доданд, ки маблағи ҷарима 2 миллиону 386 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Ба иттилои масъулон, айни замон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб 185 ҳазору 496 муштарии масрафкунандаи барқ ба қайд гирифта шудааст.

Афзоиши қарзи аҳолӣ ва муассисаҳои давлатӣ аз истифодаи нерӯи барқ яке аз мушкилиҳои доғ боқӣ мемонад. Масъули ҷамъоварии маблағи истифодаи барқ ширкати “Барқи Тоҷик” аст.

Ин мушкил дар ҳолест, ки ҳамасола дар фасли зимистон реҷаи лимити барқ амал мекунад ва аҳолӣ аз бебарқӣ пайваста шикоят мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.