Муовини декани факултети технологияи иттилоотӣ ва телекоммуникатсионии Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе Комрон Қурбонов ба қаллобӣ гумонбар дониста мешавад.
Бино ба иттилоии маркази матбуоти Агентии зиддифасоди ҷумҳурӣ, барои аз Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ба Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе гузаронидан ӯ аз шаҳрванд 4 ҳазор сомонӣ талаб кардааст.
Гуфта мешавад, Комрон Қурбонов баъди бевосита аз шаҳрванд гирифтани маблағи 4 ҳазор сомонӣ дар ҷои ҳодиса боздошт ва маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шудааст.
Зимнан зикр мегардад, ки нисбати боздоштшуда бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии ҶТ (Қаллобӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, дар сурати исботи гуноҳ ӯ ба муддати то 5 сол равонаи зиндон шуда метавонад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.