Дар Рӯшон ду наврас ғарқ шуданд

Шоми дирӯз, 4-уми июл, дар дарёи Вамари ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) ду кӯдак ғарқ шудаанд ва ҷасадашон то ба ҳол ёфт нашудааст. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон иттилоъ медиҳад. “Ҳангоми бозии футбол тӯб ба дарёи Вамар афтод. Як сокини 14-солаи маҳаллӣ ва як сокини 12-солаи шаҳри Хуҷанд, […]

Asia-Plus

Шоми дирӯз, 4-уми июл, дар дарёи Вамари ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) ду кӯдак ғарқ шудаанд ва ҷасадашон то ба ҳол ёфт нашудааст. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

“Ҳангоми бозии футбол тӯб ба дарёи Вамар афтод. Як сокини 14-солаи маҳаллӣ ва як сокини 12-солаи шаҳри Хуҷанд, ки ба аёдати хешовандонаш ба Рӯшон рафта буданд, хостанд онро бигиранд, вале дар дарё ғарқ шуданд”, – иттилоъ медиҳад манбаъ.

Наҷотдиҳандагони Раёсати КҲФ дар ВМКБ барои ҷустуҷӯ ба ҷойи ҳодиса рафтаанд, вале ҷустуҷӯҳо то ба ҳол натиҷа надоданд.

Субҳи имрӯз ҷустуҷӯ аз сар гирифта шудааст.

КҲФ бори дигар аз аҳолӣ хостааст, ки кӯдакону наврасонро дар назди об беназорат нагузоранд.

Бояд гуфт, ки бо фарорасии тобистон ҳодисаи ғарқшавӣ дар кӯлу обамборҳои кишвар бештар мешавад. Аксаран кӯдакон ҳангоми оббозӣ ғарқ мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки духтари 15-солаи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд шоми 3 июл ҳангоми оббозӣ дар ҷойи манъшуда дар Сирдарё ғарқ шуда буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.