Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров духтари 15-сола ғарқ шуд

Духтари 15-солаи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд шоми 3 июл ҳангоми оббозӣ дар ҷойи манъшуда дар Сирдарё ғарқ шуд. Бар баргузории корҳои ҷустуҷӯ басти навбатдории имдодгарони Раёсати ҳолатҳои фавқулода ба ҷойи ҳодиса сафарбар гардид. “Дар ҷараёни корҳои ҷустуҷӯ ҷасади духтар дарёфт ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супорида шуд”, – хабар медиҳад хадамоти матбуоти КҲФ […]

Asia-Plus

Духтари 15-солаи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд шоми 3 июл ҳангоми оббозӣ дар ҷойи манъшуда дар Сирдарё ғарқ шуд.

Бар баргузории корҳои ҷустуҷӯ басти навбатдории имдодгарони Раёсати ҳолатҳои фавқулода ба ҷойи ҳодиса сафарбар гардид.

“Дар ҷараёни корҳои ҷустуҷӯ ҷасади духтар дарёфт ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супорида шуд”, – хабар медиҳад хадамоти матбуоти КҲФ Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, шабонарӯзи гузашта дар як қатор ноҳияҳои кишвар ҳодисаҳои фаромадани селҳо ба қайд гирифта шудааст.

Рӯзи 3 июл дар қаламрави деҳаи Водифи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ тӯдаи сангу лой роҳҳои байни деҳаҳоро баст. Тавре ки КҲФ хабар медиҳад, бар асари ҳавои гарм ва обшавии ях дар қуллаи кӯҳҳо, сатҳи об дар дарёҳо боло рафт.

“Дар натиҷа оби сойи деҳаи Водиф аз соҳилҳо баромада, тӯдаи лойқа роҳҳои байни деҳаҳои Водиф, Деҳҳавз ва Деҳҳисорро баст”, – хабар медиҳад Кумита.

Гуфта мешавад, комиссияи ноҳиявӣ дар ҷойи ҳодиса буда, корҳои бартараф намудани оқибатҳои офат ҷараён доранд. Талафоти ҷонӣ ва харобиҳо нест.

Ҳодисаи дуюм дар қаламрави ноҳияи Лахш рух дод. Бар асари боришоти пуршиддат дар километри 247-уми роҳи мошингарди Душанбе-Ваҳдат-Лахш сел фаромада, ин қитъаи роҳро муваққатан баст.

Баъди чанде хадамоти роҳсозӣ оқибатҳои селро бартараф намуда, роҳ боз ва ҳаракати нақлиёт барқарор шуд. Талафоти ҷонӣ ва харобиҳо нест.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.