Мулоқоти Владимир Путин бо Евгений Пригожин

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ва Евгений Пригожин, раҳбари Ширкати ҳарбии хусусии “Вагнер” мулоқот кардаанд. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Русия эълон кард, ки ин мулоқот ҳанӯз рӯзи 29-уми июн сурат гирифтааст. Дмитрий Песков, сухангӯи раиси ҷумҳури Русия гуфтааст, “мулоқот 3 соат давом карда, дар он 35 нафар фармондеҳон ва раҳбарони ширкат, аз ҷумла худи Пригожин […]

admin

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ва Евгений Пригожин, раҳбари Ширкати ҳарбии хусусии “Вагнер” мулоқот кардаанд. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Русия эълон кард, ки ин мулоқот ҳанӯз рӯзи 29-уми июн сурат гирифтааст.

Дмитрий Песков, сухангӯи раиси ҷумҳури Русия гуфтааст, “мулоқот 3 соат давом карда, дар он 35 нафар фармондеҳон ва раҳбарони ширкат, аз ҷумла худи Пригожин иштирок кардааст”.

Ба гуфтаи Дмитрий Песков, раиси ҷумҳур Владимир Путин бо роҳбари ШХҲ “Вагнер” ва ҷангҷӯёни ӯ фаъолияти минбаъдаашонро баррасӣ кардааст.

Дар хусуси ин мулоқот тафсилоти бештар дода намешавад. Ҳамчунин, маъулм нест, ки Евгений Пригожин ҳоло дар куҷо аст.

Чанд рӯз пештар Александр Лукашенко, раиси ҷумҳури Белорус гуфта буд, ки Евгений Пригожин дар ин кишвар нест ва ба Русия рафтааст.

“Путин Пригожинро беҳтар аз ман медонад. Онҳо беш аз 30 сол аст, ки шиносанд. Пригожин шояд дар Санкт-Петербург бошад, шояд ба Маскав рафта бошад. Дар Белорус нест”, – гуфт Лукашенко.

Ёдовар мешавем, ки зархаридони “Вагнер” ҷузъи муҳим ва бештар аз ҳама ҳирфаии нерӯҳое ҳастанд, ки дар Украина ба ҷонибдорӣ аз Русия меҷанганд. Онҳо пас аз ҷанги давомдор дар шаҳри Бахмути Украина ва ишғоли он эълон карданд, ки ба истироҳат мераванд.

Дар ин миён роҳбари ин гуруҳ Евгений Пригожин чанд маротиба роҳбарияти Вазорати дифои Русияро интиқод кард.

Шаби 23-юми июн, ин гуруҳ шаҳри Ростови лаби Дони Русияро, ки дар он ҷо маркази фармондеҳии округи ҷанубӣ ҷойгир аст, ишғол кард ва рӯзи 24-уми июн ба тарафи Маскав равон шуд.

Евгений Пригожин гуфт, ҳадафи онҳо барканор кардани фармондеҳони олуда ба фасод ва бемасъулияти артиши Русия буд.

Ӯ дертар бо миёнаравии Александр Лукашенко, раиси ҷумҳурии Беларус, аз ошӯб даст кашид ва ба ин кишвар рафт.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.