Ҳукми Рустам Саидаҳмадзода, додрасе, ки бо содир кардани ҳукми сафед машҳур гашт, 1,5 сол кам шудааст

Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми Рустам Саидаҳмадзода, собиқ додраси Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро, ки бо судури ҳукми сафед машҳур гардида буд, кам кардааст. Саидаҳмадзода моҳи апрели имсол дар асоси чор банди Кодекси ҷиноӣ ба 6,5 соли зиндон маҳкум шуда буд. Додгоҳи олӣ аз ин ҳукм 1,5 солашро кам кардааст. Як масъули Додгоҳи олӣ 10-уми июл ба […]

Asia-Plus

Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми Рустам Саидаҳмадзода, собиқ додраси Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро, ки бо судури ҳукми сафед машҳур гардида буд, кам кардааст. Саидаҳмадзода моҳи апрели имсол дар асоси чор банди Кодекси ҷиноӣ ба 6,5 соли зиндон маҳкум шуда буд. Додгоҳи олӣ аз ин ҳукм 1,5 солашро кам кардааст.

Як масъули Додгоҳи олӣ 10-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки зинаи кассатсионӣ охири ҳафтаи гузашта ҳукми Рустам Саидаҳмадзодаро тағйир додааст.

Ҳоло маълум нест, ки Рустам Саидаҳамадзода боз шикоят мекунад ё не. Ин додраси пешин моҳи апрел дар сухани охиринаш иттиҳомҳоро рад карда, талаб намуда буд, ки ӯро озод кунанд.

Агарчӣ Рустам Саидаҳмадзода моҳи апрел ба зиндон маҳкум шуда буд, вале Додгоҳи олӣ ва ҳам пайвандонаш ҳукми ӯро то ин дам махфӣ нигоҳ медоштанд.

Додраси пешини Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро ба қаллобӣ, нашри ахбори дурӯғ, баромадан аз ҳадди ваколати мансабӣ ва ғайриқонунӣ баровардани ҳукм муттаҳам мекунанд, аммо Саидаҳмадзода дар сухани охиринаш ҳама иттиҳомро рад карда, худро бегуноҳ хонда буд.

Қазияи Рустам Саидаҳмадзода асосан барои содир кардани ҳукми сафед боис ба таваҷҷуҳ шудааст. Дар Тоҷикистон ҳукмҳои сафед каманд.

Тибқи омори расмӣ, солона додгоҳҳои Тоҷикистон ҳудуди 11 ҳазор парвандаи ҷиноиро баррасӣ мекунанд, вале аз миёни ҳазорҳо муттаҳам соли 2020 танҳо 2 ва соли 2021 фақат 11 нафар сафед шудаанд. Дар нимсолаи аввали соли гузашта додгоҳҳо 5508 парвандаи ҷиноиро баррасӣ карда, ягон ҳукми "сафед" набаровардаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.