Таҳлилгарони БАОР сабабҳои рушди баланди иқтисоди Тоҷикистонро шарҳ доданд

Date:

Рушди бештар баланди иқтисод дар байни кишварҳои узви Бонки авруосиёиии рушд (БАОР) дар Арманистон ва Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст.

Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Арманистон дар зарфи 5 моҳи соли ҷорӣ ба андозаи 12,5%, Қазоқистон – 4,5% ва Қирғизистон – 3,4% афзуда, рушди иқтисоди Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2023 ба миқдори 8,2% боло рафт, гуфта мешавад дар Гузориши макроиқтисодии моҳи июли БАОР.

Дар он зикр мешавад, ки иқтисодҳои Русия ва Беларус аз рӯи натиҷаҳои 5 моҳи соли равон бо афзоиши ММД мутаносибан ба андозаи 0,6% ва 0,9% ба минтақаи мусбат баргаштанд.

Муаллифони гузориш сатҳи баланди рушди иқтисоди Тоҷикистонро бо “талаботи зиёди дохилӣ” (гардиши баланди савдои дохилӣ, – эзоҳи муаллиф) шарҳ медиҳанд.

Ба навиштаи онҳо, дар зарфи 5 моҳи соли равон гардиши савдои чакана ба андозаи 14,8% ва ҳаҷми сармоягузорӣ – 29,1% зиёд шудааст.

Дар Гузориш гуфта мешавад, ба ҷараёни умумии рушди иқтисод ҳамаи соҳаҳои асосии истеҳсолӣ саҳми мусбат мегузоранд: дар бахши кишоварзӣ ҳаҷми истеҳсол 12,6%, саноат – 22,8% афзуда, дар соҳаи нақлиёт ҳаҷми боркашон 7,8% ва мусофиркашонӣ – 50% зиёд шудааст.

“Ба ақидаи мо, соли 2023 ММД-и кишвар ба андозаи 7,9% зиёд мешавад. Коҳишро дар муқоиса бо семоҳаи якум, ки дар он иқтисод 8,2% афзуд, метавон дар робита ба камшавии ҳаҷми интиқоли пул ба Тоҷикистон дар шароити поинравии қурби рубл интизор шуд”, – пешгӯӣ мекунанд итаҳлилгарони Бонк.

Мувофиқи маълумоти расмӣ, дар соли 2022 рушди вооқеии иқтисоди Тоҷикистон 8%-ро ташкил дод. Ҳукумат дар соли равон низ чунин сатҳи рушдро интизорӣ дорад.

Ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар соли гузашта 116 млрд сомонӣ (10,6 млрд доллар)-ро ташкил дод.

Ҳиссаи бахши кишоварзӣ дар сохторӣ ММД ба 24,6%, саноат – 17%, савдо – 14,3%, нақлиёт – 9,3%, андозҳо – 9,2%, сохтмон – 7,9% ва дигар соҳаҳои хидматрасонӣ – ба 17,7% баробар шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...