Ёвари президент ба кори низомии бонкии кишвар баҳо дод

Дар ҷаласаи васеи Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ёвари президенти ҷумҳурӣ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода изҳор дошт, ки  сарфи назар аз таҳаввулоти дар иқтисоди ҷаҳон идомадошта ва таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди миллӣ, аз ҷониби низоми бонкии кишвар фаъолияти ҳадафманду натиҷабахш ба роҳ монда шудааст. “Дар натиҷа сатҳи начандон баланди тавварум ва устувории […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Дар ҷаласаи васеи Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ёвари президенти ҷумҳурӣ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода изҳор дошт, ки  сарфи назар аз таҳаввулоти дар иқтисоди ҷаҳон идомадошта ва таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди миллӣ, аз ҷониби низоми бонкии кишвар фаъолияти ҳадафманду натиҷабахш ба роҳ монда шудааст.

“Дар натиҷа сатҳи начандон баланди тавварум ва устувории қурби пулли миллӣ нигоҳ дошта шуда, пасандозҳо дар низом зиёд гардидаанд ва ҳиссаи қарзҳои батаъхирафтода коҳиш дода шуд”, – иброз дошт ӯ.

Ба иттилои шуъбаи матбуоти БМТ, Ҳикматуллозода таъкид дошт, ки дар зарфи 6 моҳ аз ҷониби низоми бонкии кишвар дар маҷмӯъ 9 млрд 276 млн сомонӣ қарз пешниҳод шуда, нишондиҳандаи мазкур нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 2,7 млрд сомонӣ ё 42 фоиз зиёд мебошад.

Зикр шуд, ки то нимсолдаи аввал бақияи пасандозҳо қариб 17 млрд сомонӣ (ҳудуди 1,6 млрд доллар)-ро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 47,9 фоиз ё 5,5 млрд сомонӣ зиёд гардидааст.

Ғайр аз ин ёвари президент зикр кард, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба низоми бонкии кишвар 611 млн доллар сармоягузориҳои хориҷӣ ҷалб карда шуданд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 20 фоиз зиёд мебошад.

Тибқи маълумоти БМТ, қурби расмии миёнадавраи доллари ИМА нисбати сомонӣ дар ин давра ба 10,7 сомонӣ (1 доллар) баробар гардида, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2022 ба андозаи 9,0 фоиз паст мебошад.

Дар шаш моҳи соли 2023 ММД-и кишвар кишвар ба 54,2 млрд. сомонӣ расида, рушди воқеии он ба 8,3 фоиз баробар гардид. Сатҳи таваррум бошад, 2,3%-ро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,8% кам мебошад.

“Ҷиҳати татбиқи самараноку муваффақонаи сиёсати иқтисодии давлату ҳукумат нақши фаъолияти низоми бонкӣ ниҳоят муҳим арзёбӣ гардида, дар таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодии кишвар, ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ, ташаккули бахши хусусӣ ва соҳибкорӣ, ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ саҳми беандоза дорад”, – таъкид кард ёвари президент.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.