Паҳлавонони навраси тоҷик – қаҳрамони Осиё оид ба гӯштини юнонию румӣ

Дар Урдун мусобиқаи Чемпионати Осиё оид ба гӯштин ҷараён дорад. Дар рӯзи аввали чемпионат намояндагони Тоҷикистон 4 медал – 2 тило ва 2 биринҷӣ ба даст оварданд, хабар дода мешавад дар сомонаи расмии мусобиқа. Барномаи чемпионат аз мусобиқаҳо оид ба гӯштини классикӣ, тарзи озод ва гӯштини занона дар ду дараҷаи синнусол – то 15 ва […]

Дар Урдун мусобиқаи Чемпионати Осиё оид ба гӯштин ҷараён дорад. Дар рӯзи аввали чемпионат намояндагони Тоҷикистон 4 медал – 2 тило ва 2 биринҷӣ ба даст оварданд, хабар дода мешавад дар сомонаи расмии мусобиқа.

Барномаи чемпионат аз мусобиқаҳо оид ба гӯштини классикӣ, тарзи озод ва гӯштини занона дар ду дараҷаи синнусол – то 15 ва 20-сола иборат аст.

Дамир Отаев дар вазни 44 кило дар рақобати финалӣ бар гӯштингири эронӣ Муҳаммадҳусейн Раҳиимободӣ дастболо шуда, ба унвони қаҳрамонӣ соҳиб шуд.

Дар вазни то 75 кило Алишер Рӯзимадов низ ба чунин дастовард шарафёб гардид. Дар қуввваозмоии ҳалкунанда ӯ низ ҳарифи худ аз Эрон – Ризо Каримии Сармадонипро мағлуб кард.

Ду гӯштингири дигари тарзи юнонию румии Тоҷикистон Амирҷон Обидов дар вазни 52 кило ва Шоҳҷаҳон Бобоев дар вазни 57 кило ба дарёфти медалҳои биринҷӣ ноил гардиданд.

Дар идома наврасони тоҷик дар мусобиқаҳои навъи гӯштини классикӣ дар синнусоли то 20-сола, гӯштини тарзи озод дар ҳарду гурӯҳи синнусолӣ рақобат мекунанд. Чемпионат то рӯзи 20 июл давом мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.