Баъди тирпарронии Рустам Ашуров дар фурудгоҳи Кишинёв вазири корҳои дохилии Молдова истеъфо дод

Анна Ревенко, вазири корҳои дохилии Молдова дар пайи ҳодисаи тирпарронӣ дар фурудгоҳи Кишинёв, ки бар асари он ду нафар кушта шуд, истеъфо дод. Якҷо бо ӯ ҳамчунин, Анатолий Топале, вазири маориф ва Лилия Дабижа, раиси вазорати инфрасохтор низ ба истеъфо рафтанд. Дар ин бора РИА Новости бо истинод ба Дорин Речеан, нахуствазири Молдова хабар медиҳад. […]

Анна Ревенко, вазири корҳои дохилии Молдова дар пайи ҳодисаи тирпарронӣ дар фурудгоҳи Кишинёв, ки бар асари он ду нафар кушта шуд, истеъфо дод. Якҷо бо ӯ ҳамчунин, Анатолий Топале, вазири маориф ва Лилия Дабижа, раиси вазорати инфрасохтор низ ба истеъфо рафтанд.

Дар ин бора РИА Новости бо истинод ба Дорин Речеан, нахуствазири Молдова хабар медиҳад.

Ба навиштаи ин расона, нахуствазир гуфтааст, ки номзадҳо ба мансабҳои холишударо ҳафтаи оянда ба президент Майя Санду пешниход мекунад.

Тирпарронӣ дар фурудгоҳи шаҳри Кишинёв, пойтахти Молдова рӯзи 30-юми июни соли 2023 рух дод. Рустам Ашуров, як шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба иддаои мақомоти тоҷик дар рабудани Шуҳрат Исматуллоев, мувоини раиси “Ориёнбонк” даст дошт, баъди гирифтани посухи рад барои убури сарҳад ду афсари пулиси марзро ҳадафи тир қарор дода, як мусофирро бо корд захмӣ кард.

Дар ҷараёни амалиёти боздошт худи Рустам Ашӯров низ шадидан захмӣ ва бистарии бемористон шуд. Ӯ дар бемористон ба худ наомада, ҷон дод.

Намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон барои рӯшан кардани ҷузъиёти ҳодиса ба Молдова сафар карданд, аммо маълум нест, ки натиҷаи ин сафар чӣ шуд.

Қаблан, баъди чанд лаҳзаи тирпарронӣ дар фурудгоҳи Кишинёв, мақомоти Тоҷикистон хабар доданд, ки Рустам Ашӯров соли 2013 дар ватани худ барои содир кардани ҷиноят аз кор дар сафи мақомот озод гардида, барои муддате зиндонӣ шудааст. Ӯ пеш аз муҳлат ба озодӣ баромада, рӯзи 23-уми июн дар рабудани бонкир дар Душанбе иштирок кардааст.

Прокуратураи генералии Тоҷикистон низ рӯзи 1 июл хабар дод, ки Рустам Ашӯров дар рабудани муовини раиси “Ориёнбонк” Шуҳрат Исматуллоев гумонбар аст.

Ҳоло дар Тоҷикистон ҷустуҷӯи Шуҳрат Исматуллоев идома дорад

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.