Тайи 11 соли ахир Чин ба иқтисоди Тоҷикистон 2,9 млрд доллар маблағгузорӣ кард

Давоми солҳои 2012-2022 Чин ба иқтисоди Тоҷикистон ба маблағи 2,9 млрд доллар сармоягузорӣ кард, хабар доданд ба “Азия-Плюс” дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон. Аз ҷумла, ҳудуди 2,2 млрд долларро сармоягузориҳои мустақим ва зиёда аз 700 млн долларро дигар сармоягузориҳо (қарзу грантҳо – эзоҳи муаллиф) ташкил доданд. Дар ҳамин ҳол, дар ин […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Давоми солҳои 2012-2022 Чин ба иқтисоди Тоҷикистон ба маблағи 2,9 млрд доллар сармоягузорӣ кард, хабар доданд ба “Азия-Плюс” дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон.

Аз ҷумла, ҳудуди 2,2 млрд долларро сармоягузориҳои мустақим ва зиёда аз 700 млн долларро дигар сармоягузориҳо (қарзу грантҳо – эзоҳи муаллиф) ташкил доданд.

Дар ҳамин ҳол, дар ин давра аз Русия, ки шарики асосии тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, дар ин давра ба маблағи ҳудуди 992 млн доллар сармоягузорӣ сурат гирифтааст.

Дар сохтори сармоягузории Русия 40% (397 млн доллар) сармоягузории мустақим, 1,6% (ҳудуди 16 млн доллар) – сармоягузориҳо ба сандуқ (харидани коғазҳои қиматнок) ва 58% (575 млн доллар) дигар сармоягузориҳо мебошанд.

Дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ зикр карданд, ки сармоягузориҳои дар ин давра аз ҷониби Чин ва Русия воридшуда асосан ба бахшҳои саноати кӯҳкорӣ, миёнаравии молиявӣ, сохтмон, алоқа ва дигар соҳаҳо равона шудааст.

Қобили зикр аст, ки сармоягузорони Чин танҳо аз нимаи солҳои 2000-ум ба маблағгузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон оғоз карда, дар зарфи 10 сол аз сармоягузории асосии ҷумҳурӣ – Русия пеш гузаштанд.

Маълумоти муфассалро дар ин бора бо суроғаи зерин дарёфт карда метвонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Пас аз мусобиқаи силсилаи “Тоскулоҳи бузург” дар Душанбе, дар радабандии ҷаҳонии IJF ду натиҷаи таърихӣ барои Тоҷикистон сабт шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст