Эмомалӣ Раҳмон ба Арабистони Саудӣ меравад

Пагоҳ, 18-уми июл, раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ озими Арабистони Саудӣ мешавад. Дар ин бора Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи раисиҷумҳури Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод. Ба гуфтаи Шарифзода, Эмомалӣ Раҳмон пагоҳ, баъд аз нисфирӯзии 18-уми июл ба шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ меравад ва ин сафар ду рӯз идома мекунад. “Ҷаноби олӣ рӯзи 19-уми июл […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Пагоҳ, 18-уми июл, раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ озими Арабистони Саудӣ мешавад. Дар ин бора Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи раисиҷумҳури Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод.

Ба гуфтаи Шарифзода, Эмомалӣ Раҳмон пагоҳ, баъд аз нисфирӯзии 18-уми июл ба шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ меравад ва ин сафар ду рӯз идома мекунад.

“Ҷаноби олӣ рӯзи 19-уми июл дар Саммити нахустини Сарони давлатҳои узви Шӯрои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ ва Осиёи Марказӣ ширкат мекунанд ва ҳамон рӯз ба Тоҷикистон бармегарданд”, – гуфт сухангӯи раисиҷумҳури Тоҷикистон.

Абдуфаттоҳ Шарифзода дигар ҷузъиёти ин сафарро ироа накард ва нагуфт, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар пайи ин сафар ҳаҷҷи умра мекунад ва ё на.

Дар ҳамин ҳол, Радиои Озодӣ бо такя ба манобеаш аз ҳукумати Тоҷикистон хабар медиҳад, ки “Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати ҳукумат ба шаҳри Макка ҳам сафар карда, маносики ҳаҷҷи умраро адо мекунанд”.

Бояд гуфт, Эмомалӣ Раҳмон то имрӯз 4 маротиба маносики ҳаҷҷи умраро адо карда, ду маротиба дохили хонаи Каъба ҳам даромадааст.

Ёдовар мешавем, тавре хадамоти матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон менависад, ки Эмомалӣ Раҳмон бори аввал соли 1997 ба Арабистони Саудӣ маносики ҳаҷҷи умраро адо кардааст. Баъдан дар солҳои 2001, 2005 ва 2016 ба ҳаҷҷи умра рафтааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Пас аз мусобиқаи силсилаи “Тоскулоҳи бузург” дар Душанбе, дар радабандии ҷаҳонии IJF ду натиҷаи таърихӣ барои Тоҷикистон сабт шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст