Дар Хуҷанд зани ба эҳтимол ҳомиладоре дар Сирдарё ғарқ шудааст

Date:

Дар шаҳри Хуҷанд охири ҳафтаи гузашта ҷавонзане худро ба Сирдарё партофта, дар натиҷа ба ҳалокат расидааст. Дар ин бора Акмал Сангинов, корманди Ситод оид ба ҳолатҳои фавқуллодаи шаҳри Хуҷанд ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, ин ҳодиса рӯзи якшанбеи 16-уми июл дар пул (мост)-и Дӯстии халқҳои мавзеи Сартӯқай дар шаҳри Хуҷанд рух додаааст.

“Ҳодисаи ғарқшавии занро, ки соати 9:20 дақиқаи пагоҳирӯзӣ содир шудааст, ду марди моҳигир шоҳид шуда, ба кормандони ҳолатҳои фавқуллода хабар медиҳанд. Ситод ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, тахмин 500 метр дуртар ҷасади занро пайдо карданд”, – гуфт Сангинов.

Акмал Сангинов афзуд, ки зан фарбеҳ ва ба эҳтимоли зиёд ҳомиладор аст.

Шахсияти зан ва сабаби худкушии ӯ маълум набуда, синну солаш 30-35 сола гуфта мешавад.

Дар минтақае, ки зан ғарқ шуда, ба ҳалокат расид, оббозӣ кардан манъ аст.

Ёдовар мешавем, ки дар 6 моҳи соли 2023 Ситод оид ба ҳолатҳои фавқуллодаи вилояти Суғд 18 ҳодисаи ғарқшавиро ба қайд гирифтааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...