“Ҷасади ду тифли дигарро ҷустуҷӯ дорем”. Баъзе ҷузъиёти садама дар ноҳияи Ҷомӣ

Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фапвқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон (КҲФ) ҷустуҷӯи ҷасади ду кӯдакеро, ки бар асари садамаи мудҳиши рӯзи 21-уми июл дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба ҳалокат расиданд, идома медиҳанд. Дар ин бора сомонаи расмии КҲФ хабар медиҳад. Ба иттилои манбаъ, садама рӯзи 21-уми июл тахминан соати 16:19 дақиқа рух додааст. "Ронандаи 42-сола Диловар Давлатов идораи мошини […]

Asia-Plus

Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фапвқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон (КҲФ) ҷустуҷӯи ҷасади ду кӯдакеро, ки бар асари садамаи мудҳиши рӯзи 21-уми июл дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба ҳалокат расиданд, идома медиҳанд. Дар ин бора сомонаи расмии КҲФ хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, садама рӯзи 21-уми июл тахминан соати 16:19 дақиқа рух додааст.

"Ронандаи 42-сола Диловар Давлатов идораи мошини тамғаи "Опел-Астра Караван"-ро аз даст дода, ба дарёи Ёвон сарозер шуд ва ҳамаи афроди дохили мошин, аз ҷумла се кӯдак ба ҳалокат расидаанд", – афзуд манбаъ.

Худи ҳамон рӯз бо талоши кормандони КҲФ ва сокинони маҳаллӣ тавонистаанд, мошинро аз дарё берун бароранд. Аз мошин ҷасади ронанда ва як марди 65-сола, ҳамчунин Бибизайнаб Гулмирзоеваи 26-сола пайдо шудааст: ӯ бо се фарзандаш дар мошин будааст.

"Бегоҳӣ наҷотдиҳандагон ҷасади Лайлои яксола, духтари Бибизайнабро низ аз дарё берун оварданд. Ҷустуҷӯи ду кӯдаки дигараш – Фаридун ва Барнои ду ва сесола идома дорад", – гуфт КҲФ.

Дар ҳамин ҳол, манбаъ сабабҳои садамаро ном набурда, зикр кард, ки ин ба салоҳияти КҲФ дохил намешавад.

Аз садама 4 рӯз сипарӣ шуд ва мо барои фаҳмидани ҷузъиёти ин садамаи мудҳиш ба маркази матбуоти вилояти Хатлон муроҷиат кардем. Дар он ҷо ба мо гуфтанд, ки ҳама маълумот ба Вазорати корҳои дохилии кишвар пешниҳод шудааст ва онҳо ба зудӣ дар сомонаи худ маълумоти расмиро нашр хоҳанд кард.

То лаҳзаи нашри хабар дар сомонаи ин ниҳод маълумоте дар ин бора нест ва маркази матбуоти ВКД ба зангҳои такрории мо ҷавоб ҳам намедиҳад.

Дар ҳамин ҳол, дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори ин садама бо шарҳи ин ки он бо таъқиби маъмурони БДА ба вуҷуд омадааст, нашр шуд.

Радиои Озодӣ бо такя ба манобеаш аз миёни сокинони маҳаллӣ навиштааст, “мошине, ки ба садама дучор шуд, барои итоат накардани ба амри нозирони БДА аз ҷониби нозирон таъқиб мешуд ва эҳтимол ҳангоми фирор бо суръати баланд чаппа шудааст”.

Манобеи расмӣ то ҳол ин гуфтаҳоро таъйид накардаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.