Варзишгарони тоҷикро ба ҳунарнамоии шоиста дар Бозиҳои ИДМ ҳидоят карданд

Date:

Дар Бозиҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) 132 нафар варзишгарони тоҷик иштирок мекунанд.

Чанде пеш дар Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати Тоҷикистон бо иштирокчиёни ин бозиҳо вохӯрӣ доир гардид. Раҳбарияти Кумита аз варзишгарони ҷавон даъват кард, ки “дар посух ба ғамхориҳо ва ҳидояти Пешвои миллат – президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мусобиқаҳо шоиста ҳунарнамоӣ намуда”, парчами Тоҷикистонро барафрозанд.

Қобили зикр аст, ки Бозиҳои II ИДМ аз 3 то 15 август дар шаҳри Минск (Беларус) бо иштироки варзишгарон аз 9 кишвари Иттиҳод баргузор мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки Бозиҳои 1-уми ИДМ соли 2021 дар Қазон (Русия) доир гардиданд. Дар ин бозиҳо мунтахаби Тоҷикистон ба дарёфти 1 медали тилло, 6 – нуқра ва 6 – биринҷӣ шарафёб гардид.

Дар мусобиқаи гӯштини “кураш” байни наврасон дар вазни то 60 кило Хуршедшоҳ Каримзода унвони қаҳрамони ИДМ-ро соҳиб шуд.

Дар навъҳои гуногуни гӯштин ва бокс варзишгарони тоҷик 6 медали нуқра ва дар мусобиқаҳои самбо, гӯштин ва тенниси рӯйи миз 7 медали нуқра ба даст оварданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...