Содироти тарбуз аз Тоҷикистон қариб 50% зиёд шуд. Дар дохили кишвар нархи он боло рафт

Дар зарфи 6 моҳи соли равон аз Тоҷикистон ба маблағи 24,1 млн доллар 103 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содир шудааст. Дар ин бора бо асос ба маълумоти Хадамоти гумрук Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар медиҳад. Маблағи ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,6 млн доллар камтар аст. Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзӣ, дар муқоиса […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар зарфи 6 моҳи соли равон аз Тоҷикистон ба маблағи 24,1 млн доллар 103 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содир шудааст. Дар ин бора бо асос ба маълумоти Хадамоти гумрук Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Маблағи ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,6 млн доллар камтар аст.

Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзӣ, дар муқоиса бо нимсолаи аввали соли 2022 содироти пиёз ба таври назаррас – 19,6% кам шудааст.

Имсол дар Тоҷикистон дар зиёда аз 17 ҳазор гектар пиёз кишт шуда, ба даст овардани ҳосили рекордӣ – ҳудуди 700 ҳазор тонна дар назар аст.

Айни замон кишоварзон дар фикри онанд, ки пиёзашонро чӣ кор кунанд. Онҳо шикоят доранд, ки харидори яклухт нест.

Ба гуфтаи онҳо, имсол арзиши аслии 1 кило пиёз ҳудуди 1,5 сомониро ташкил дода, харидорон, аз ҷумла содиркунандагон 1,8-2,2 сомонӣ пешниҳод мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, содироти зироати полезӣ, асосан тарбуз ба андозаи 47,2%, хушкмева – 26,5% ва мева – 51,2% зиёд шудааст.

Тибқи маълумоти Вазорати кишоварзӣ, соли равон дар ҳудуди 22,6 ҳазор гектар зироати полезиҳо кишт шудааст, ки 1,9 ҳазор гектар зиёдтар нисбат ба соли гузашта аст.

Дар зарфи 6 моҳи имсол зиёда аз 15 ҳазор тонна тарбузу харбуза ҷамъоварӣ шудааст, ки 5,4% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 мебошад.

Сарфи назар аз ин, харидорон шикоят мекунанд, ки тарбуз дар кишвар гарон аст: тарбузи вазнаш миёнаи 3-4 кило на камтар аз 15 сомонӣ нарх дорад.

Деҳқонон мегӯянд, ки тарбузро дар саҳро онҳо бо нархи 2-3 сомонӣ барои 1 кило фурӯхта, нархро миёнаравон боло мебаранд.

Дар навбати худ, миёнаравон шикоят мекунанд, ки хидматрасонии нақлиёт гарон аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.