Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121

Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the td-cloud-library domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121
Пидром: "Толибон"агар дар баҳси ташкили ҳукумати инҳисорӣ пирӯз шаванд, ғалаба бар тоҷикон хоҳад буд - Азия-Плюс | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон

Пидром: “Толибон”агар дар баҳси ташкили ҳукумати инҳисорӣ пирӯз шаванд, ғалаба бар тоҷикон хоҳад буд

Иршод Сулаймонӣ, Asia-Plus

Афғонистон баъди ба қудрат расидани "Толибон" гирифтори як буҳрони амиқе шудааст, ки поёни роҳи ин буҳрон бисёр дуру дароз ба назар мерасад. Бесарнавиштие, ки дар пешорӯйи ин кишвар қарор дорад, дар мусоҳибаи ихтисосии Иршод Сулаймонӣ бо шоиру назарияпардози маъруф, раиси Ҳизби кунгураи миллии Афғонистон, сиёсатмадор ва вакили собиқи порлумони Афғонистон – Латифи Пидром ба баҳс кашидааст.

Пидром дар ин мусоҳиба мегӯяд, ки агар Толибон ба такшили як ҳукумати фарогире, ки хости аксари мардуми Афғонистон аст тан надиҳанд, муваффақ намешаванд. Таҷрибаи ҳамаи ҳукуматҳои инҳисорӣ, яктарафа ва султаталаб дар Афғонистон ноком будааст.

МЕДИА (YOUTUBE)

Пидром дар ин мусоҳиба ҳамчунин гуфт, ки сиёсатмадорони Афғонистон дар рӯзҳои наздик гирди ҳам меоянд ва эъломи мавзеъ мекунанд. Ҳамчунин Пидром дар ин мусоҳиба ба нукоти зер ва баҳсҳои зиёди дигар ҳам мепардозад:

Оё Латифи Пидром аз ҷабҳаи муқовимат бо роҳбарии Аҳмадии Масъуд ҳимоят мекунад?

Манзури Толибон аз ҳукумати фарогир чист?

Агар ин ҳукумати фарогир ташкил шавад, чӣ гуна хоҳад буд?

Чаро маҳз тоҷикон дар баробари Толибон муқовимат мекунанду меҷанганд?

Оё муборизаву муқовимати тоҷикон дар Афғонистон натиҷа медиҳад?

Оё худи Пидром бо Толибон тамос дорад?

Чаро дигар ба Устод Атову Дӯстум эътимод вуҷуд надорад?

Ашраф Ғанӣ дар воқеъ чӣ қадар пулро аз Афғонистон ба берун бурд?

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.