Тахриби чойхонаи “Роҳат” дубора “мавриди баррасӣ” қарор гирифтааст

Тахриби бинои чойхонаи “Роҳат”, ки солҳост баҳси он идома дорад, ҳанӯз ниҳоӣ нашудааст ва тақдири он мавриди баррасӣ қарор дорад. Дар ин бора Самӣ Азизиён, сармеъмори шаҳри Душанбе имрӯз, 2-юми июл, дар нишасти матбуотии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон хабар дод. Номбурда дар робита ба тақдири ояндаи ин чойхона кӯтоҳ гуфт, ки тахриби он “тибқи […]

Asia-Plus

Тахриби бинои чойхонаи “Роҳат”, ки солҳост баҳси он идома дорад, ҳанӯз ниҳоӣ нашудааст ва тақдири он мавриди баррасӣ қарор дорад. Дар ин бора Самӣ Азизиён, сармеъмори шаҳри Душанбе имрӯз, 2-юми июл, дар нишасти матбуотии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон хабар дод.

Номбурда дар робита ба тақдири ояндаи ин чойхона кӯтоҳ гуфт, ки тахриби он “тибқи нақшаи генералӣ мавриди баррасӣ қарор дорад”.

Ин дар ҳолест, ки дар нишасти матбуотии соли гузашта, Муҳаммадсаид Зувайдзода, раиси собиқи Кумитаи меъморӣ ва сохтмон гуфта буд, ки бинои асосии чойхонаи “Роҳат” дар шаҳри Душанбе тахриб намешавад ва танҳо биноҳои гирду атрофи он ки ба чойхона часпидаанду аҳамияти таърихиву фарҳангӣ надоранд, тахриб мешавад.

Низом Мирзозода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон имрӯз гуфт, “мо онро баррасӣ мекунем ва дар ҳақиқат ба манфиати ҷомеа ва пойтахти Тоҷикистон зарурат дошта бошад, мо онро мавриди баррасӣ қарор медиҳем ва нуқта мегузорем”.

Дар шарҳи идаои раиси пешини Кумитаи меъморӣ ва сохтмон оид ба тахриб нашудани чойхона Низом Мирзозода, гуфт, “зиндагӣ давом дорад, тағйиротҳо шуда истодааст”.

“Мо лоиҳаҳоро таҳрезӣ мекунем, лекин бо назардошти баъзе ҳолатҳо зарурати бунёди иншооти барои пойтахт лозима ба миён меояд. Мо метавонем дилхоҳ иншоотро агар аҳамияти фарҳангӣ надошта бошад ва дар рӯйхати иншооти бо қарори ҳукумат тасдиқшуда набошад, тахриб карда, дар ҷояш иншооти дигар созем. Аз ин рӯ, ин ҷо ҷои  баҳсу мунозира нест”.

Бояд гуфт, ки баҳси тахриби чойхонаи “Роҳат” солҳост давом дорад. Дар гузашта тасмими тахриби он аҳли зиё ва ҷомеаи шаҳрвандиро нигарон карда буд ва онҳо барои нигоҳ доштани он талош ҳам карда буданд. Онҳо мегуфтанд, ки ин чойхона арзиши таърихӣ дорад ва он бояд барои ояндагон ҳифз карда шавад.

Чойхонаи "Роҳат” асри гузашта бар асоси тарҳи меъмори рус Константин Терлетский ва устои тоҷик Мирзораҳмат Олимов, сохта шуд ва соли 1956 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Чанд сол пеш  ҳам шабакаи маъруфи телевизионии CNN дар як раддабандии зеботарин чойхонаҳои ҷаҳон "Роҳат”-и Душанберо дар ҷои аввал қарор дода буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио