Дар Бозиҳои ИДМ Тоҷикистон бо касби 13 медал зинаи 8-умро ишғол кард

Дар Бозиҳои II Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), ки чанде пеш анҷом ёфтанд, муштзан Меҳроҷ Сӯфиҷонов дар вазни то 48 кг ягона медали тиллоро барои Тоҷикистон ба даст овард. Дар мусобиқиаи муштзанӣ (бокс) дар вазни то 48 кг Меҳроҷ Сӯфиҷонов бар варзишгари Қирғизистон Зафарбек Комилов дастболо шуд. Дар Бозиҳои II ИДМ, ки аз 4 то 14 […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар Бозиҳои II Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), ки чанде пеш анҷом ёфтанд, муштзан Меҳроҷ Сӯфиҷонов дар вазни то 48 кг ягона медали тиллоро барои Тоҷикистон ба даст овард.

Дар мусобиқиаи муштзанӣ (бокс) дар вазни то 48 кг Меҳроҷ Сӯфиҷонов бар варзишгари Қирғизистон Зафарбек Комилов дастболо шуд.

Дар Бозиҳои II ИДМ, ки аз 4 то 14 август дар Беларус (Минск) доир гардиданд, варзишгарони Тоҷикистон ба дарёфти 13 медал – 1 тилло, 3 нуқра ва 9 медали биринҷӣ шарафёб шуданд.

Муштзанони тоҷик аз ҳама бештар – 7 медал гирифта, 2 медалро гӯштингирон, 2-тоашро – ҷудокорон ва 1 медалро самбочиён ба даст оварданд.  

Ба медалҳои нуқра Лоиқ Қутбиддинов (ҷудо, вазни то 55 кг), Убайди Деваштич (самбо, то 79 кг) ва Анӯшервон  Фозилов (бокс, то 51 кг) соҳиб шуданд.

Медалҳои бириниҷии Бозиҳоро боксчиён Ҳангома Исоева (то 57 кг), Бузургмеҳр Иксанов (то 54 кг),  Рустамҷон Ашӯров (то 67 кг), Акмалҷон Абдувалиев (то 86 кг), Руслан Федорин (то 92 кг), намояндагони гӯштини тарзи озод Мустафо Аҳмадов (то 70 кг), Сомонҷон Икромов (то 79 кг), гӯштингири тарзи юнониву румӣ Асламҷон Азизов (то 60 кг) ҷудокор байни занон Мадина Қурбонзода (то 48 кг). дарёфт карданд.

Дар ҳисоби умумидаставӣ аз рӯи касби медалҳо байни 22 кишвари иштирокичии Бозиҳо мунтахаби Тоҷикистон зинаи 8-умро ишғол кард.

Дар Минск рӯзи душанбе маросими ба охир расидани Бозиҳои II ИДМ баргузор шуд. Дар ҷараёни он парҷами рамзии бозиҳо аз пояи он поин оварда шуда, он ба намояндаи Озарбойҷон супурда шуд. Бозиҳои минбаъдаи ИДМ соли 2025 дар Озарбойҷон баргузор мешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.