Кумитаи андози Тоҷикистон 5-гонаи қарздорони калони худро номбар кард

Date:

То 1 июли соли 2023 бақияи қарзи андоз 764,3 млн сомонӣ (зиёда аз 70 млн доллар)-ро ташкил медиҳад, хабар дод зимни нишасти матбуотии имрӯз, 14 август раиси Кумитаи андози назди ҳукумати ҷумҳурӣ Нусратулло Давлатзода.

Ба гуфтаи ӯ, ин нишондиҳанда дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори  36,2 млн сомонӣ зиёдтар аст.

Раиси Кумита ҳамчунин 5 қарздорони калонро номбар кард, ки дар умум қариб 235 млн сомонӣ (ҳудуди 22 млн доллар) қарздоранд. Ба онҳо мансубанд:

– ҶСК «НБО Сангтӯда-1» – 94 млн сомонӣ;

– ҶДММ «Талко ресурс» – 39 млн сомонӣ;

– ҶДММ «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳкорӣ» – 36,5 млн сомонӣ;

– ҶСК «НБО Роғун» – 33,3 млн сомонӣ;

-ҶСК «Тоҷиктелеком” ва сохторҳои он – 31,5 млн сомонӣ.

Ба қавли Нусратулло Давлатзода сабабҳои қарздорӣ аз пардохти андозҳо гуногун мебошанд.

“Баъзеашон ба вазъи молиявӣ ва баъзе ба сабабҳои дигар марбутанд. Дар ин самт мо кор бурда истодаем”, – иброз дошт Давлатзода.

Ӯ зикр кард, ки дар зарфи 6 моҳи соли ҷорӣ аз қарздорон ба таври маҷбурӣ ба маблағи 486 млн сомонӣ андозҳо ситонида шудааст.

Давлатзода таъкид дошт, ки дар нимсолаи аввали соли равон аз ҳисоби андозҳои дохилӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ зиёда аз 8,5 млрд сомонӣ (беш аз 780 млн доллар) ҷамъоварӣ ва ба буҷети давлатӣ равона гардидааст, ки 594 млн сомонӣ зиёдтар аз нақшаи тасдиқшуда аст.

“Дар муқоиса бо солҳои пешин иҷрои қисмати даромади буҷети давлатӣ беҳтар шуда, дар ин давра иҷрои танҳо ду навъи андоз – андози иҷтимоӣ аз ҳисоби корхонаҳои ғайрибуҷетӣ ва андоз аз захираҳои табиӣ таъмин нашуд”, – илова кард раиси Кумита.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти Кумитаи андоз, дар 6 моҳи ҷоли ҷорӣ дар натиҷаи имтиёзҳои пешниҳодшуда аз пардохти андоз ба ин ё он соҳа ва бахшҳои иқтисод, ба буҷети кишвар ҳудуди 2,7 млд сомонӣ (ҳудуди 248 млн доллар) камтар маблағ ворид гардидааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...