Қарзи давлатии Тоҷикистон дар ним сол 100 млн доллар кам шуд

Date:

То 1 июли соли ҷорӣ ҳаҷми умумии қарзи давлатии Тоҷикистон 3,6 млрд долларро ташкил дод, ки ба 31,1%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и ҷумҳурӣ баробар аст, хабар дод зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе вазири молияи кишвар Файзиддин Қаҳҳорзода.

Аз ҷумла, зикр кард ӯ, қарзи хориҷӣ 3,2 млрд ва қарзи дохилӣ – 400 млн долларро ташкил дод.

Вазир бар ин назар аст, ки ҳаҷми қарзи давлатӣ дар сатҳи кофии қобили қабул қарор дорад. Ӯ таъкид дошт, ки мутобиқи стратегияи идоракунии қарзҳои давлатӣ, таносуби қарзи давлатӣ дар сатҳи 60%-и ММД хавфнок арзёбӣ мешавад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Файзиддин Қаҳҳорзода

Ба гуфтаи вазир, ҳаҷми қарзи давлатӣ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз ҳисоби коҳиши қарзи дохилӣ тақрибан 100 млн доллар кам шуд.

Ӯ зикр кард, ки ҳаҷми қарзи беруна дар давоми нимсолаи аввал қариб дар як сатҳ боқӣ монд.

“Тағйирот (дар қарзи хориҷӣ) соли оянда сурат мегиранд, вақте ки мо ба имзои созишномаҳои қарзӣ оид ба Роғун оғоз мекунем”, – гуфт ӯ.

Қаблан зикр гардида буд, ки соли 2024 ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки оид ба ҷалби миллионҳо маблағи ниҳодҳои молиявии байнулмилалӣ барои идомаи сохтмони лоиҳаи неругоҳи “Роғун” созишномаҳо ба имзо мерасонад.

Қаҳҳорзода таъкид дошт, ки дар давоми 6 моҳи соли ҷорӣ барои пардохти қарзи давлатӣ зиёда аз 155 млн доллар равона шуд.

Аз ҷумла, изҳор дошт ӯ, барои пардохти қарзи дохилӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷет ҳудуди 369 млн сомонӣ (ҳудуди 34 млн доллар) ва қарзи хориҷӣ – зиёда аз 121 млн доллар ҷудо карда шуд.

Вазири молия гуфт, қарздиҳандагони асосӣ ба Тоҷикистон Бонки содироту воридоти Чин, Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки осиёии рушд маҳсуб меёбанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...