Дар “Zagreb Grand Prix 2023” Тоҷикистонро 5 ҷудокор муаррифӣ мекунанд

Date:

Дар мусобиқаи байналмилалии “Zagreb Grand Prix 2023” оид ба гӯштини ҷудо, ки аз 18 то 20-уми август дар  Хорватия баргузор мешавад, Тоҷикистонро 5 варзишгар муаррифӣ мекунанд. Дар ин бора аз Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар доданд.

Манбаъ гуфт, дар ин мусобиқа Муҳаммадсолеҳ Қувватов  ва  Меҳрзод Суфиев дар вазни то 60кг,  Обид Ҷебов дар вазни то 66 кг, Маҳмадшариф Наҷмиддинов дар вазни то 73 кг  ва Ҷаҳонгир  Маҷидов  дар вазни  то  90 кг ширкат хоҳанд кард.

Маросими қуръакашии Мусобиқаи байналмилалии “Zagreb Grand Prix 2023” оид ба гӯштини ҷудо 17 август доир мешавад ва он аз рӯи ҳафт вазн миёни мардон ва ҳафт вазн байни занон сурат мегирад.     

Сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) хабар медиҳад, ки дар рӯзи аввали мусобиқот – 18-уми август – қувваозмоиҳо дар вазнҳои -60 кг, -66 кг миёни мардон ва -48 кг, -52 кг, -57 кг миёни занон баргузор мешавад.

Рӯзи дувуми мусобиқа – 19-уми август – ҷудокорони вазнҳои -73 кг, -81 кг байни мардон ва -63 кг, -70 кг миёни занон рақобат мекунанд.

Рӯзи 20-уми август дар вазнҳои сангин -90 кг, -100 кг, +100 кг миёни мардон ва -78 кг, +78 кг байни занон баргузор мешавад.                                                                             

Ба иттилои манбаъ, дар мусобиқа 561 ҷудочӣ- 339 мард ва 222 зан аз 88 давлати дунё барои ба даст овардани нишонҳои фахрӣ қувваозмоӣ менамоянд.

Ба ғолибони мусобиқа, дар баробари медал, мукофоти пулӣ низ тақдим мегардад. Дар ҳар як вазн ба ғолиб 3000 евро, барои ҷойи дувум 2000 евро ва барои ҷойҳои севум 1000-евроӣ супурда хоҳад шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...