Боз як захмии садамаи фоҷеабори Кӯлоб ҷон бохт

Date:

Қурбон Сӯфиев, як захмии дигари садамаи нақлиётии шаҳри Кӯлоб пас аз ду рӯзи ҳодиса дар бемористон ҷон бохт. Ҳамин тавр, теъдоди фавтидагон ба 12 нафар расид. Дар ин бора рӯзи 14-уми август шаҳрдори Кӯлоб Бахтиёр Назарзода зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, Қурбон Сӯфиев 29 сол дошта, дар пайи ин ҳодиса ҷароҳати вазнин бардоштааст ва то ахир вазъи саломатиаш ваҳим гуфта мешуд.

“Дар садамаи нақлиётии шаби 6-уми август 10 нафар фавтида ва 13 нафар дигар ҷароҳат бардошта, дар беморхонаи шаҳрию вилоятӣ бистарӣ шуданд. Баъди як рӯзи ҳодиса Мадинаи Ҷамолиддин ва рӯзи дуюм Қурбон Сӯфиев дар беморхона ҷон доданд. Теъдоди фавтидагон 12 нафар шуд”, – шарҳ дод шаҳрдори Кӯлоб.

Бахтиёр Назарзода афзуд, ки “овозаҳое паҳн кардаанд, ки гӯё теъдоди фавтидагон хеле зиёд бошад, вале онҳо асоси воқеӣ надоранд”.

Ёдовар мешавем, ки шоми 6-уми август ронандаи мошини боркаши “Дулан” ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ” аз ҳудуди ноҳияи Ш.Шоҳин, дар даромадгоҳи шаҳри Кӯлоб бар асари корношоямии тормоз мошинро идора карда натавониста ва дар натиҷа бо суръати баланд ба мошинҳои дигар ва хонаҳое, ки дар канори роҳ ҷойгир аст, бархӯрд.

Ронандаи дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Гузориши муфассали “Азия-Плюс”-ро дар ин ҷо хонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...