Боз як захмии садамаи фоҷеабори Кӯлоб ҷон бохт

Қурбон Сӯфиев, як захмии дигари садамаи нақлиётии шаҳри Кӯлоб пас аз ду рӯзи ҳодиса дар бемористон ҷон бохт. Ҳамин тавр, теъдоди фавтидагон ба 12 нафар расид. Дар ин бора рӯзи 14-уми август шаҳрдори Кӯлоб Бахтиёр Назарзода зимни нишасти матбуотӣ хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, Қурбон Сӯфиев 29 сол дошта, дар пайи ин ҳодиса ҷароҳати вазнин […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+

Қурбон Сӯфиев, як захмии дигари садамаи нақлиётии шаҳри Кӯлоб пас аз ду рӯзи ҳодиса дар бемористон ҷон бохт. Ҳамин тавр, теъдоди фавтидагон ба 12 нафар расид. Дар ин бора рӯзи 14-уми август шаҳрдори Кӯлоб Бахтиёр Назарзода зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, Қурбон Сӯфиев 29 сол дошта, дар пайи ин ҳодиса ҷароҳати вазнин бардоштааст ва то ахир вазъи саломатиаш ваҳим гуфта мешуд.

“Дар садамаи нақлиётии шаби 6-уми август 10 нафар фавтида ва 13 нафар дигар ҷароҳат бардошта, дар беморхонаи шаҳрию вилоятӣ бистарӣ шуданд. Баъди як рӯзи ҳодиса Мадинаи Ҷамолиддин ва рӯзи дуюм Қурбон Сӯфиев дар беморхона ҷон доданд. Теъдоди фавтидагон 12 нафар шуд”, – шарҳ дод шаҳрдори Кӯлоб.

Бахтиёр Назарзода афзуд, ки “овозаҳое паҳн кардаанд, ки гӯё теъдоди фавтидагон хеле зиёд бошад, вале онҳо асоси воқеӣ надоранд”.

Ёдовар мешавем, ки шоми 6-уми август ронандаи мошини боркаши “Дулан” ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ” аз ҳудуди ноҳияи Ш.Шоҳин, дар даромадгоҳи шаҳри Кӯлоб бар асари корношоямии тормоз мошинро идора карда натавониста ва дар натиҷа бо суръати баланд ба мошинҳои дигар ва хонаҳое, ки дар канори роҳ ҷойгир аст, бархӯрд.

Ронандаи дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Гузориши муфассали “Азия-Плюс”-ро дар ин ҷо хонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.