Тафсилоти садамаи пурқурбонӣ дар Кӯлоб. КҲФ баъзе ҷузъиёт ва аксҳои садамаро нашр кард

Дар пайи садамаи фоҷеабор ва пурқурбонӣ дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки мошини борбари “Дулан” ронандаи он – сокини 37-солаи ноҳияи Рӯдакӣ, дар ҷойи ҳодиса ҷон бохтааст. “Ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ” аз ҳудуди ноҳияи Ш.Шоҳин, дар даромадгоҳи шаҳри Кӯлоб бар асари корношоямии тормоз ӯ дигар мошинро идора карда натавонистааст ва дар натиҷа бо суръати бланд […]

Дар пайи садамаи фоҷеабор ва пурқурбонӣ дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки мошини борбари “Дулан” ронандаи он – сокини 37-солаи ноҳияи Рӯдакӣ, дар ҷойи ҳодиса ҷон бохтааст.

“Ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ” аз ҳудуди ноҳияи Ш.Шоҳин, дар даромадгоҳи шаҳри Кӯлоб бар асари корношоямии тормоз ӯ дигар мошинро идора карда натавонистааст ва дар натиҷа бо суръати бланд ба мошинҳои дигар ва хонаҳое, ки дар канори роҳ ҷойгир аст, бархӯрд”, – иттилоъ медиҳад дафтари матбуоти КҲФ.

Ба иттилои манбаъ, дар ин ҳодиса 10 нафар ҷон бохта, 13 нафари дигар бо ҷароҳатҳои гуногун дар беморхона бистарӣ шудаанд. Ду нафар аз захмиён аз бистарӣ шудан ба беморхона худдорӣ кардаанд.

“Аз 10 нафаре, ки дар садамаи мудҳиш дар Кӯлоб ҷон бохтанд, се нафарашон сокинони хонаҳое будаанд, ки “Дулан” бархӯрд. Ҳафт нафари дигар ронандаҳое мебошанд, ки мошини боркаш онҳоро пахш кардааст. Дар миёни ҳалокшудагон кӯдакон нестанд”, – хабар медиҳад КҲФ.

Дар ҳамин ҳол Радиои Озодӣ бо такя ба сардори Раёсати тандурустии минтақаи Кӯлоб, хабар додааст, ки дар миёни фавтидаҳо як кӯдак ҳам ҳаст.

Ба иттилои КҲФ, дар натиҷаи садама 7 мошин ва 3 хонаи истиқоматӣ зарар дидааст.

Наҷотдиҳандагони Раёсати байниноҳиявии КҲФ дар минтақаи Кӯлоб барои анҷоми корҳо ҷиҳати рафъи оқибати садамаҳои нақлиётӣ ва корҳои наҷотдиҳии фаврӣ сафарбар шуданд.

Наҷотдиҳандагони КҲФ бо истифода аз васоили махсуси фаннӣ ҷасади фатидагон ва захмиёнро аз мошинҳо ва биноҳои харобшуда берун овардаанд.

Ба иттилои ВКД, мошини боркаш ба ширкати “Кафолат Воридоту Содирот” тааллуқ дорад.

Айни ҳол ҳодиса аз ҷониби мақомоти дахлдори Тоҷикистон таҳқиқ мешавад.

Додситонии кулли Тоҷикистон дар робита ба ин ҳордиса парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.