БАОР коҳиши интиқоли пул ба Тоҷикистонро бар асари поинрафии қурби рубл пешгӯӣ мекунад

Дар гузориши моҳи августи «Шарҳи макроиқтисодӣ”-и Бонки авруосиёии рушд (БАОР) зикр мегардад, ки то охири соли 2023 метавон коҳиши рушди иқтисоди Тоҷикистонро интизор шуд. Дар он гуфта мешавад, ки дар нимсолаи аввали соли равон иқтисоди ҷумҳурӣ 8,3% рушд кардааст. «Ба туфайли талаботи зиёди дохилӣ ва фаъолиямандии нисбатан сусти иқтисодӣ, як сол пеш нишондиҳандаҳои асосии ҷараёни […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар гузориши моҳи августи «Шарҳи макроиқтисодӣ”-и Бонки авруосиёии рушд (БАОР) зикр мегардад, ки то охири соли 2023 метавон коҳиши рушди иқтисоди Тоҷикистонро интизор шуд.

Дар он гуфта мешавад, ки дар нимсолаи аввали соли равон иқтисоди ҷумҳурӣ 8,3% рушд кардааст.

«Ба туфайли талаботи зиёди дохилӣ ва фаъолиямандии нисбатан сусти иқтисодӣ, як сол пеш нишондиҳандаҳои асосии ҷараёни рушди дар моҳи июн дар сатҳи дурақама боқӣ монданд”, – менавсианд муаллифони гузориш.

Аммо, тибқи арзёбии онҳо, "дар натиҷаи коҳиши ҳаҷми интиқоли пули муҳоҷирон ба Тоҷикистон дар шароити коҳиши қурби рубли русӣ", ин нишондиҳандаҳо то охири соли 2023  коҳиш хоҳанд ёфт.

«Ба онҳо инчунин аз он таъсири манфӣ мерасад, ки дар моҳҳои охири сол фаъолият дар иқтисод бо ҳамон давраҳои соли гузашта, ки иқтисодиёт аллакай аз коҳиши баҳори соли ҷорӣ ба таври назаррас пас аз коҳиши баҳори соли 2022 барқарор шуда буд, муқоиса карда мешавад”, – таъкид мешавад дар гузориш.

Таҳлилгарони БАОР қайд мекунанд, ки болоравии нархҳои истеъмолӣ (2,4%) дар кишвар пасттарин аз нимаи соли 2018 боқӣ мемонад.

«Мо интизор дорем, ки дар моҳҳои август-сентябр таваррум ба сатҳи ҳадафноки Бонки миллӣ – 6,0% 6,0% (±2 банди фоизӣ) наздик шуда,  дар охири соли 2023 ва аввали соли 2024 метавонад дар ҳадди боло ё болотар аз ин фосила дар баробари болоравии нархҳои ғизо ва хидматрасонӣ баргардад”, – таъкид мешавад дар гузориши БАОР.

Таҳиягарони гузориш менависанд, аз охири моҳи феврали соли ҷорӣ қурби пули Тоҷикистон наздики 10,9 сомонӣ (1 доллар) боқӣ мондааст.

«Интизорем, ки бозгашти қурби сомонӣ ба самти тадриҷан коҳишёбанда дар нимаи дуюми соли ҷорӣ ва соли 2024 ба таҳкими тавозуни пардохти иқтисоди Тоҷикистон мусоидат намуда, инчунин ба баргардонидани таваррум дар ҳудуди ҳадафҳои Бонки миллӣ таъсир мерасонад», – хулоса мешавад гузориш.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио