“Миёни Эрону Тоҷикистон ҳеҷ “дуӣ” ва “мову туӣ” нест” Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Эрон тарки Душанбе кард

Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Эрон дар Тоҷикистон бино ба поён расидани маъмурияти дипломатияш тарки Душанбе кард. Ӯ дар як паёми хайрбод гуфт, ки “рӯзҳои фаъолияти кориям ба унвони сафири Эрон дар кишвари ҳамфарҳанг ва ҳамзабони Тоҷикистон ба шитоб ба анҷом расид”. Собирӣ гуфт, “дар давоми қариб панҷ сол, ки маро вақт буд, бисёр талош кардам, ки […]

Asia-Plus

Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Эрон дар Тоҷикистон бино ба поён расидани маъмурияти дипломатияш тарки Душанбе кард. Ӯ дар як паёми хайрбод гуфт, ки “рӯзҳои фаъолияти кориям ба унвони сафири Эрон дар кишвари ҳамфарҳанг ва ҳамзабони Тоҷикистон ба шитоб ба анҷом расид”.

Собирӣ гуфт, “дар давоми қариб панҷ сол, ки маро вақт буд, бисёр талош кардам, ки оби ширини дӯстии ду кишвари тамаддунсози Эрон ва Тоҷикистон беш аз пеш равон ва зулол шавад”.

“Миёни Эрону Тоҷикистон ҳеҷ “дуӣ” ва “мову туӣ” нест, ҳарчӣ ҳаст ягонагӣ ва якрангӣ аст! Ҳақиқатан, ҷойгоҳи ин сарзамини бошукӯҳ ва мардумони хастагинопазири тоҷик назди мо эрониён ҳамон аст, ки Мавлоно гуфт: Аз “ман”-и ман мантаранд”, – таъкид кард Собирӣ.

Муҳаммадтақии Собирӣ дар идома афзуд, ки “ба рағми фарозу фуруди садаҳои пешин мардумони ин сарзамини куҳанбунёд ҳаргиз пайвандҳои дерин ва ширини хешро бо сарзамини ниёконии Эронзамин нагусастанд ва ба равишҳои гуногун ресмони фарҳанг ва ҳувияти хешро бо ҳавзаи забонӣ ва тамаддунии хеш пайвастанд”.

Ӯ дар поёни паёми худоҳофизиаш таманно кардааст, ки “муносибатҳои Эрону Тоҷикистон ҳамвора хуррамтару сабзтару шодобтар бошад ва аз газанди аҳриманону наҷафи душманон дар амон бимонад”.

Гуфтан ба маврид аст, ки Муҳаммадтақии Собирӣ моҳи марти соли 2019 ба ҳайси сафири Эрон дар Тоҷикистон таъйин гардида буд.

То сафир таъйин шудан Муҳаммадтақии Собирӣ мудири кулли Дафтари барномарезӣ ва таъмини манобеъи Созмони навсозӣ, тавсеа ва таҷҳизи мактабҳои Эрон, мудири кулли ташкилот ва буҷа ва муовинати умури идорӣ ва молии Вазорати умури хориҷаи Эрон буд.

Дар ҳамин ҳол, ба иттилои расонаҳои Эрон имкон дорад, Алиризо Ҳақиқиён, мудири кулли АвруОсиёи вазорати умури хориҷаи Эрон сафири нави ин кишвар дар Тоҷикистон таъйин шавад.

“Алиризо Ҳақиқиён, мудури кули АвруОсиёии вазорати умури хориҷа низ бар асоси бархе аз гумонзаниҳои расонаӣ эҳтимолан дар ояндаи наздик ба унвони сафири Эрон дар яке аз кишварҳои Осёи Миёна машғул ба фаъолият хоҳад шуд”, – менависад хабаргузории ИСНА.

Ба гуфтаи ин хабаргузорӣ, Алиризо Ҳақиқиён пеш аз ин сафири Эрон дар кишварҳои Арманистон ва Покистон будааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.