“Бештар аз 700 ҳазор сомонӣ зарар”. Дар Душанбе қаллобе бо як роҳ ду нафарро фиреб додааст

Date:

Як қаллоб дар шаҳри Душанбе аз ду шаҳрванд 5 мошини гаронарзишро тариқи ғайринақдӣ ба муҳлати 10 шабонарӯз гирифта, дар ҷамъ ба онҳо бештар аз 700 ҳазор сомонӣ зарари моддӣ расонидааст. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, қаллоб сокини шаҳри Ваҳдат буда, 37 сол доштааст ва рӯзи 3-юми июн дар кӯчаи Н.Қарабоеви шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб аз як марди 50-солаи сокини ноҳияи Кӯшониён ду мошин харидорӣ кардааст.

“Фиребгар ба боварии мард даромада, аз ӯ автомашинаҳои тамғаи “Лексус-350” ва “Тайота-Камри”-ро ҷамъ ба маблағи 295 ҳазор сомонӣ тариқи ғайринақдӣ ба муҳлати 10 шабонарӯз гирифта, то ҳол маблағҳояшро барнагардонидааст”, – омадааст дар хабар.

Баъд аз ин, гумонбаршаванда бо ҳамин роҳ рӯзи 26-уми июн дар назди бозори “Саховат”-и шаҳри Душанбе ба боварии марди 36-солаи сокини шаҳри Ҳисор даромада, ӯро низ фиреб додааст.

“Гумонбаршаванда аз сокини шаҳри Ҳисор автомашинаҳои тамғаҳои “БМВ”, “Тайота-Камри” ва “Опел-Вектра”-ро ба маблағи 443 ҳазор сомонӣ тариқи ғайринақдӣ ба муҳлати 10 шабонарӯз гирифта, маблағҳояшро барнагардонидааст”, – менависад ВКД.

Ин гумонбаршаванда дар ҷамъ ба ду шаҳрванди дигар 738 ҳазор сомонӣ зарар расонидааст.

Ҳоло маълум нест, ки гумонбаршаванда бо кадом моддаи Кодекси ҷиноятии ҶТ айбдор шудааст.

ВКД гуфтааст, ки оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...