Тоҷикистон дар машқҳои ҳарбии «Боевое братство-2023» дар Беларус иштирок мекунад

Date:

Аз 1 то 6 сентябр дар шаш машқгоҳи Беларус дар доираи тамринҳои муштараки фаврӣ-стратегии Неруҳои СААД «Боевое братство-2023» тамринҳои гуногун баргузор мешаванд, хабар медиҳад дафтари матбуоти созмон.

Мувофиқи қарордодҳои ҳосилшуда дар ҷараёни гуфтушуниди ситодҳо, дар тамринҳо воҳидҳои миллии Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон иштирок мекунанд.

Гуфта мешавад, ба тамринҳо дар маҷмӯъ зиёда аз 2500 нафар хидматчиёни ҳарбӣ ва беш аз 500 адад силоҳу муҳимот ва техникаи махсуси ҳарбӣ сафарбар карда мешаванд.

Ҳадаф аз баргузории тамринҳо беҳбуди ҳамоҳангсозӣ ва мураттабии кори мақомоти идоракунӣ дар ҷараёни омодагӣ ва иҷрои амалиёти муштарак унвон мешавад.

Илова бар ин, машқҳо ба баланд бардоштани малака ва маҳорати амалии фармондеҳон дар идоракунии қисмҳо ва воҳидҳо ҳангоми гузаронидани амалиёти ҷангӣ ва махсус равона карда шудаанд. Вазифаи муҳими машқҳо ташаккули сифатҳои баланди рӯҳиву ҷангӣ, устувории равонӣ ва тобоварии ҷисмонии хидматчиёни ҳарбӣ мебошад.

Дар тамринҳо аз ҷумла баргузории машқҳо бо Неруҳои дастаҷамъонаи вокуниши фаврии СААД –  неру ва воҳидҳои таъминоти моддӣ-техникии “Эшелон-2023”, тамрини махсуси неру ва воситаҳои иктишофии “Поиск-2023”, тамрини ҳайати фармондеҳӣ-ситодии неруҳои дастаҷамъонаи вокуниши фаврии Созмон – “Взаимодействие-2023” ва тамрини махсуси воҳидҳои таъмини амнияти кимиёвӣ ва радиатсионӣ ва таъминоти тиббии “Барьер-2023” ба нақша гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...