Дар шаҳри Остона нимпайкараи Абӯалӣ ибни Сино қомат афрохт

Date:

Дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Қазоқистон дар шаҳри Остона маросими тантанавии ифтитоҳи нимпайкараи олим, файласуф ва мутафаккири тоҷик Абӯалӣ ибни Сино баргузор шуд.

Дар ин маросим вазирони фарҳанги Қазоқистону Тоҷикистон Асхат Оралов ва Зулфия Давлатзода, намояндагони шаҳрдории Остона, зиёиёни эҷодкори ду кишвар иштирок карданд, хабар медиҳад Kazpravda.kz бо истинод ба хадамоти матбуоти Вазорати фарҳанг ва варзиши ин кишвар.

Нимпайкара ба ифтихори олим ва файласуфи маъруф дар саросари ҷаҳон дар боғи ҳамшафат ба кӯчаи Храпатий, 9 ноҳияи Алматои шаҳр қомат афрохт.

Нимпайкара аз биринҷӣ аз ҷониби муҷассамасозони тоҷик сохта шуда, пояи гранитии онро шаҳрдории Остона пешниҳод кард. Баландии умумии муҷассама 3,1 метрро ташкил медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, ба иттилои манбаъ, дар доираи чорабиниҳои Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар се шаҳри бузурги Қазоқистон – Остона, Алмато ва Чимкент барномаҳои косертӣ, намоиши филмҳо, намоишгоҳҳо ва дигар чорабиниҳои фарҳангӣ баргузор мешаванд.

Соли оянда дар Китобхонаи миллии академии Қазоқистон гӯшаи адабиёти тоҷик боз мешавад.

Ёдрас мекунем, ки байни китобхонаҳои миллии ду кишвар созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расидааст, ки мувофиқи он дар самти ҳифзу нигаҳдории ҳуҷҷатҳои хаттӣ ва чопии китобохонаҳо, фондҳои бойгонӣ ва осорхонаҳо тадбирҳо роҳандозӣ шудааст.

Рӯзи 29 август дар Консерваторияи миллии Қазоқистон ба номи Курмангази вохӯрии оҳангсозони ду кишвар доир мегардад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...