Зарар ба роҳу иншооти ёрирасон. Харобиҳои боронгарии охир дар шимоли кишвар

Дар натиҷаи боришоти шадиди борону сел дар ноҳияи Деваштич 48 сар чорвои калони шохдор, як симчӯби барқӣ, 4 нақлиёти сабукраву боркаш, 13 адад иншооти ёрирасон ва 8 километр роҳҳо хароб шудааст. Дар ин бора  Олимхон Сафолов, сардори шӯъбаи ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Деваштич ба “Азия-Плюс” хабар дод. Номбурда гуфт,  рӯзи 29-уми август гуфт, омадани сел […]

Фарзона Муродӣ, Asia-Plus

Дар натиҷаи боришоти шадиди борону сел дар ноҳияи Деваштич 48 сар чорвои калони шохдор, як симчӯби барқӣ, 4 нақлиёти сабукраву боркаш, 13 адад иншооти ёрирасон ва 8 километр роҳҳо хароб шудааст. Дар ин бора  Олимхон Сафолов, сардори шӯъбаи ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Деваштич ба “Азия-Плюс” хабар дод.

Номбурда гуфт,  рӯзи 29-уми август гуфт, омадани сел соати 5-и субҳи рӯзи 27-уми август сабт шуд ва талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Ба гуфтаи ӯ, барои таҳқиқи хисороти сел дар Деваштич коммисия таъсис дода шуда, зарари расида ҳисоб карда мешавад.

Чунин ҳодисаи табиӣ дар деҳаи Росровути ноҳияи Деваштич санаи 13-уми июн рух дода, як қурбонӣ ва 660 ҳазор сомонӣ хисороти молӣ расонида буд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 27 август фаромадани селу ярч дар шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат ва Ҳисор, инчунин ноҳияҳои Рӯдакӣ, Варзоб, Деваштич, Сангвор ва Тоҷикобод ба манзил ва дигар иншооти зерсохтори ин мавзеъҳо зарари ҷиддӣ расонид.

Дар натиҷа, 17 нафар ба ҳалокат расида, садҳо чорво нобуд ва даҳҳо килметр роҳ вайрону валангор гардид.

Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон, соли ҷорӣ 472 офати табиӣ рух дода, дар натиҷа 30 нафар ба халокат расидаанд. Инчунин садҳо хонаи истиқоматӣ ва иншооти ёрирасону садҳо клометр роҳҳо зарар дидаанд. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.