Дастпарвари “Зенит” Руслан Хайлоев тасмим гирифт, ки дар мунтахаби Тоҷикистон бозӣ мекунад

Date:

Дастпарвари академияи дастаи футболи “Зенит”-и Санкт-Петербург Руслан Хайлоев тасмим гирифтааст, ки шаҳрвандии Тоҷикистонро қабул карда, дар тими мунтахаби футболи Тоҷикистон бозӣ мекунад. Ӯ аз дастаи мунтахаби Тоҷикистон даъватнома гирифтааст, хабар медиҳад Metaratings.ru.

Қаблан дафтари матбуоти “Зенит” хабар дода буд, ки нимҳимоятгари 19-сола бо даста дар бораи қатъи қарордод созиш ҳосил намуда, ҳунарнамоии худро дар Тоҷикистон идома медиҳад.

Ба иттилои нашрия, ин тасмими бозингар ба хоҳиши тағйир додани шаҳрвандиаш низ вобаста аст.

Қобили зикр аст, ки дар Лигаи дуюм, ки “Зенит-2” дар он бозӣ мекунад, легионерҳо бозӣ карда наметавонанд, ки ин ҳам ба қарори бозингар таъсир расонидааст. “Зенит” ба хоҳиши ӯ монеъа эҷод накардааст.

Хайлоев Руслан Диловаршоевич 29 октябри соли 2003 таваллуд шудааст. Аз синни 6-сола ба машқу тамрини футбол дар Твер оғоз кардааст.

Ба “Газпром”-Академияи дастаи футболи “Зенит” соли 2019 омадааст.

Дар мавсими 2020/21 дар ҳайати тими наврасони “Зенит” ғолиби Лигаи футболи наврасон-1 гардидааст.

Рӯзи 31 октябри соли 2021 Руслан Хайлоев дар вохӯрии даври 18-уми Лигаи футболи миллӣ-2 (ФНЛ) бори аввал дар ҳайати “Зенит”-2 ҳунарнамоӣ кардааст.

Дар мавсими ҷории Дивизиони “Б” LEON-Лигаи дуюм Руслан дар 5 бозӣ иштирок кардааст. Дар ин бозиҳо ӯ як тӯб ба дарвоза равон карда, ду партоби головар иҷро кардааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...