Канданиҳои фоиданок бар ивази хӯрокворӣ. Тоҷикистон чӣ мехарад ва чӣ мефурӯшад?

Date:

Тибқи иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар сохтори маҳсулоти воридотии кишвар дар ин давра ҳиссаи маҳсулоти ғизоӣ 18,1 дарсадро ташкил додааст.

Аз ҷумла, 10,6 дарсади маҳсулоти хӯрокворӣ барои коркард (масалан, гандум) ва 7,5 фоиз барои истеъмол (маҳсулоти тайёр) ворид карда шудааст.

Инчунин, ҳиссаи нисбатан зиёди воридотро молҳои зерин ишғол карданд:

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Воридоти маҳсулот дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ беш аз 2,7 миллиард долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 438,4 миллион доллар (19,1%) бештар аст.

“Нишондиҳандаҳои воридот асосан аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми воридоти гандум, маҳсулоти нафтӣ, гази моеъ, таҷҳизоти технологӣ, мошину таҷҳизоти барқӣ, ҳавопаймоҳо, чӯб ва маснуот, инчунин шумораи воситаҳои нақлиёти рӯизаминӣ ва ғайра афзоиш ёфтааст”, – таъкид мекунанд дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо.

Дар ҳамин ҳол, беш аз сеяки содироти кишвар захираҳои табиӣ будааст. Саҳми канданиҳои фоиданок дар содирот дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 34,7 дарсадро ташкил дод.

Аз кишвар ба ғайр аз канданиҳои фоиданок, ҳамчунин молу маҳсулоти зерин бештар содир шудааст:

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Содироти мол дар моҳҳои январ-июни соли ҷорӣ 678,6 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 44,2% (536,6 миллион доллар) камтар аст.

“Омили асосии коҳиши нишондиҳандаи содирот коҳиши ҳаҷми содироти металлҳои қиматбаҳо, маъданҳо, нахи пахта ва алюминийи аввалия мебошад”, – таъкид мекунад Вазорати рушди иқтисод ва савдо.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...