Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ моҳи ноябр дар нишасти СПЕКА дар Боку гирдиҳам меоянд

Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев сарони кишварҳои минтақаи Осиёи Марказиро ба нишасти Барномаи махсуси СММ барои иқтисодҳои Осиёи Марказӣ (СПЕКА), ки моҳи ноябри соли ҷорӣ дар Боку ба нақша гирифта шудааст, даъват кард. Ин даъват аз ҷониби ӯ зимни суханрониаш рӯзи 14 сентябр дар Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе баён шуд. Президенти […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев сарони кишварҳои минтақаи Осиёи Марказиро ба нишасти Барномаи махсуси СММ барои иқтисодҳои Осиёи Марказӣ (СПЕКА), ки моҳи ноябри соли ҷорӣ дар Боку ба нақша гирифта шудааст, даъват кард.

Ин даъват аз ҷониби ӯ зимни суханрониаш рӯзи 14 сентябр дар Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе баён шуд.

Президенти Озарбойҷон таъкид дошт, ки имсол аз таъсиси барномаи мазкур 25 сол пур мешавад.

СПЕКА соли 1998 бо Эъломияи Тошканд таъсис дода шуда, аз ҷониби Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, инчунин котибони иҷроияи Комиссияи аврупоии иқтисодии СММ (ЕЭК ООН) ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои Осиё ва Уқёнуси Ором (ЭСКАТО) ба имзо расид. Баъдтар Туркманистону Озарбойҷон ва Афғонистон ба ин Барнома ҳамроҳ шуданд.

Дар иҷлосияҳои СПЕКА мунтазам масоили марбут ба беҳбуди имконоти коммуникатсионӣ дар минтақа бо шумули масоили ҳамкорӣ байни Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ баррасӣ мешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио