Рақиби навбатии Нурулло Алиев маълум шуд

Нурулло Алиев, размикори шинохтаи тоҷик муҳорибаи навбатии худро бо Матеуш Ребетскии лаҳистонӣ баргузор мекунад. Муҳориба 11-уми ноябри соли 2023 дар доираи мусобиқоти UFC 295 дар назар дошта шудааст. Дар ин бораи расонаи Спорт-экспресс иттилоъ медиҳад. Ба навиштаи ин расона Матеуш Ребетски 30-сола буда, 18 пирӯзӣ ва 1 бохт дорад. Ӯ дар мусобиқоти UFC ду муҳориба […]

Маҳина Маҳмудова, махсус барои Asia-Plus

Нурулло Алиев, размикори шинохтаи тоҷик муҳорибаи навбатии худро бо Матеуш Ребетскии лаҳистонӣ баргузор мекунад. Муҳориба 11-уми ноябри соли 2023 дар доираи мусобиқоти UFC 295 дар назар дошта шудааст.

Дар ин бораи расонаи Спорт-экспресс иттилоъ медиҳад.

Ба навиштаи ин расона Матеуш Ребетски 30-сола буда, 18 пирӯзӣ ва 1 бохт дорад. Ӯ дар мусобиқоти UFC ду муҳориба баргузор карда, дар ҳардуяш ғалаба кардааст.

Нурулло Алиев бошад, то ин лаҳла дар мусобиқоти UFC як муҳориба гузаронида ва дар он ғалаба кардааст. Ин дуввумин рақобати Нурулло Алиев дар UFC мебошад. Дар нахуст бозиаш ӯ рақиби бразилӣ Рафаэл Алвесро шикаст дода буд.  Дар ин қувваозмоӣ ӯ ғалабаи таърихӣ ба даст оварда, аввалин размикори тоҷик дар ташкилоти UFC шуд. Нурулло Алиев, ки ӯро мухлисонаш “Уқоби тоҷик” низ меноманд 22 сол дошта, то имрӯз дар ташкилоти Fight Nights Global меҷангид. Ӯ  то имрӯз ягон бохт надорад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст