Таъсиси Маркази ҳамоҳангсозӣ ва идораи қарзҳои байнулмилалии молиявӣ дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон Муассисаи давлатии "Маркази татбиқи лоиҳаҳои асосҳои рақамикунонии Тоҷикистон"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон таъсис дода мешавад. Фармони дахлдор дар ин бора рӯзи 13 сентябр аз ҷониби президенти кишвар ба имзо расидааст. Дар Оинномаи Марказ гуфта мешавад, ки вазифаҳои асосии он иборатанд аз: – ҳамоҳангсозӣ ва идораи самараноки лоиҳаҳои грантӣ ва қарзии пешниҳодшудаи созмонҳои байналмилалии […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон Муассисаи давлатии "Маркази татбиқи лоиҳаҳои асосҳои рақамикунонии Тоҷикистон"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон таъсис дода мешавад.

Фармони дахлдор дар ин бора рӯзи 13 сентябр аз ҷониби президенти кишвар ба имзо расидааст.

Дар Оинномаи Марказ гуфта мешавад, ки вазифаҳои асосии он иборатанд аз:

– ҳамоҳангсозӣ ва идораи самараноки лоиҳаҳои грантӣ ва қарзии пешниҳодшудаи созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва ҳамоҳангсозии онҳо бо вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳои молиявӣ;

– гузаронидани тендерҳо ва озмунҳо тибқи талаботи сармоягузорон ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– ҳамоҳангсозӣ ва таъмини шароити кории коршиносон, машваратчиёни байналмилалӣ ва миллӣ оид ба таҳия ва амалисозии лоиҳаҳои грантӣ ва қарзии созмонҳои байналмилалии молиявӣ;

– анҷом додани намудҳои дигари фаъолияте, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст ва барои ҳалли вазифаҳои ба зиммаи Марказ гузошташуда заруранд.

Гуфта мешавад, Марказ оид ба фаъолияти молиявию хоҷагидории худ дар назди Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон ва созмонҳои байналмилалии молиявӣ ҳисоботдиҳанда мебошад.

Манбаъҳои маблағгузории Марказ инҳоянд:

– буҷети давлатӣ;

– грантҳои созмонҳои байналмилалии молиявӣ барои татбиқи лоиҳаи "Асосҳои рақамикунонии Тоҷикистон";

– грантҳо ва қарзҳое, ки давлатҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва қарздиҳандаҳои бисёрҷониба ва дуҷониба барои татбиқи лоиҳаҳо ҷудо менамоянд;

– манбаъҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио