Ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи нишондиҳандаҳои макроиқтисодиро дар соли 2025 баррасӣ кард

Date:

Имрӯз, 26 сентябр таҳти раёсати сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода маҷлиси ҳукумати Тоҷикистон баргузор гардид.

Тавре ки АМИТ “Ховар” хабар медиҳад, дар кори маҷлис нахуст Дар бораи дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон дар соли 2025 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2026-2027 ҳисоботи шахсони масъул шунида шуд.

Ба вазорату идораҳои дахлдор супориш дода шуд, ки то 1 июни соли 2024 лоиҳаи дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Тоҷикистонро дар соли 2025 ва параметрҳои онро барои солҳои 2026-2027 ба баррасии ҳукумат пешниҳод намоянд.

Дар кори маҷлис лоиҳаҳои якчанд қонунҳо, аз ҷумла лоиҳаи қонуни ҶТ “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни ҶТ “Дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ, “Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет, “Дар бораи маориф ва ғайра баррасӣ гардида, барои муҳокима ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ирсол шуданд.

Гуфта мешавад, дар маҷлис ҳамчунин масъалаҳо Дар бораи Консепсияи сиёсати кадрии мақомоти корҳои дохилии ҶТ барои давраи то соли 2043 ва Дар бораи низомнома ва сохтори намунавии дастгоҳи раиси ВМКБ, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр, ноҳия, мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот ва шумораи ниҳоии хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ баррасӣ гардид.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...