Гумруки Тоҷикистон: вазъ дар сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон ба эътидол омад

Танбашавиҳо дар сарҳади байни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон аз байн бардошта шуданд. Пас аз таваққуфи якҳафтаина ва талафоти ҷиддии моливӣ аз ҷониби ронандагон ва соҳибкорон, сарҳад бо реҷаи пешина кор мекунад. Танбашавии субҳи рӯзи 19 сентябр оғозгардида дар гузаргоҳи гумрукии “Сариосиё” дар вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон ба масофаи 5 километр тӯл кашида, ронандагон маҷбур шуданд, ки иҷозаи […]

Фозилҷон Фатҳуллоев, Asia-Plus

Танбашавиҳо дар сарҳади байни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон аз байн бардошта шуданд. Пас аз таваққуфи якҳафтаина ва талафоти ҷиддии моливӣ аз ҷониби ронандагон ва соҳибкорон, сарҳад бо реҷаи пешина кор мекунад.

Танбашавии субҳи рӯзи 19 сентябр оғозгардида дар гузаргоҳи гумрукии “Сариосиё” дар вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон ба масофаи 5 километр тӯл кашида, ронандагон маҷбур шуданд, ки иҷозаи вуруд ба Тоҷикистонро интизор шаванд.

Бархе аз онҳо ба интиқоли борҳои таъҷилӣ, аз ҷумла хӯрокворӣ ва масолеҳи сохтмон аз Русия ва Қазоқистон машғул буда, бо таваққуф ва чанде аз онҳо бо таваққуфи якҳафтаина рӯбарӯ шуданд.

Ронандагони мошинҳои боркаши бузургҳаҷм (фураҳо) арзу шикоят карда, изҳори норозигӣ мекарданд. Онҳо аз гузаргоҳи “Сариосиё” ба ВАО аксу сабтҳои видеоӣ ирсол мекарданд.

Ҳолат чӣ гуна буд?

Сабаби ба вуҷуд омадани ҳолатҳои танбашавии воситаҳои нақлиёт то ҳол маълум нест.

Пас аз муроҷиат ва арзу шикоятҳои сершуомри ронандагон ва соҳибкорон, “Азия-Плюс” барои дарёфти шарҳи расмӣ дар робита ба ин ҳолат ба Хадамоти гумруки назди ҳукумати Тоҷикистон муроҷиат кард.

“Ҳамаи молу воситаҳои нақлиёте, ки тариқи сарҳади гумрукӣ мегузаранд, ба анҷоми расмиёти зарурии гумрукӣ ва санҷиш уҳдадор буда, барои пешгирии қонуншиканиҳои гумрукӣ метавонанд тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд”, – чунин посухи кӯтоҳ доданд аз Хадамоти гумрук.

Ин чӣ маъно дорад ва чаро дар сарҳад танбашавии воситаҳои нақлиёт ба вуҷуд омад, аз Хадамоти гумруки Тоҷикистон хабар надоданд.

Радиои Озодӣ қаблан хабар дода буд, ки кормандони хадамоти гумруки Тоҷикистон дар гузаргоҳи “Дӯстӣ”-и шаҳри Турсунзода изҳор доштаанд, ки навбатпойиҳо бо сабаби “санҷиш ва назорати дақиқтари автомашинаҳо” ба вуҷуд омадаанд. Аз кадом ҷониб – маълум нест.

Зикр шуда буд, ки якбора зиёд шудани шумори автомашинаҳо ба қарори ҳукумати Тоҷикистон дар бораи аз 2 октябр манъ шудани воридоти автомашинаҳои истеҳсолашон то соли 2013 марбут аст.

Ҷузъиёти ба кадом масъала марбут будани он низ нест.

Аҳмадҷон Бобоев, сардори дидбонгоҳи гумрукӣ дар гузаргоҳи "Дӯстӣ",  ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки тариқи дидбонгоҳ дар як рӯз тақрибан 100 мошин мегузарад.

“Санҷиш ва ба расмият даровардани ҳар як мошини сабукрав ба монанди мошини боркаш вақт мегирад. Ба ҷумҳурӣ дар як рӯз бештар аз ҳазор нақлиёт ворид мешавад. Эҳтимол ин ҳолат то ду ҳафтаи дигар давом ёбад," – илова карда буд номбурда.

Вазъият ба эътидол омад

Хадамоти гумрук ба “Азия-Плюс” итминон дод, ки вазъияти марбут ба танбашавӣ ва навбатпойӣ дар сарҳади Ӯзбекистону Тоҷикистон муваффақона ҳаллу фасл шуд. Ба ҳар ҳол, тибқи маълумоти онҳо, вазъият дар рӯзи 28 сентябр чунин будааст.

Дар посухи худ ба “Азия-Плюс” Хадамоти гумрук хабар дод, ки танбашавии воситаҳои нақлиёт дар гузаргоҳи “Дӯстӣ”-и Раёсати минтақавии гумрук дар шаҳри Турсунзода аз байн рафтааст.

“Азия-Плюс” бо ронандагоне суҳбат кард, ки аллакай сарҳадро гузашта, дар кишвар қарор доранд.

“Вазъият хеле ноҳинҷор буд. Ҳам аз лиҳози равониву ҳам аз нигоҳи талафоти молиявӣ. Хурсандам, ки айни замон вазъ ба эътидол омад, зеро хеле душвор буд”, – иброз дошт ронандаи фура Фирдавс Боиров.

Соҳибкоре, ки хидматрасониро ба Фирдавс Боиров фармоиш дода буд, чунин изҳори назар кард:

“Як ҳафта таваққуф дар сарҳад ба талафоти ҷиддӣ боис гардида, ба корҳои тиҷоратии фармоишгарони мо мушкилӣ эҷод кард. Умедворем, ки дигар чунин ҳодисаҳо такрор нашуда, амали мақомоти бештар пешгӯишаванда хоҳанд буд”.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио