Ба “облава” афтодед? Метавонед ба ниҳодҳои марбута шикоят кунед!

Date:

Аз 1-уми октябр дар Тоҷикистон маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳарбӣ оғоз гардид, ки то 30-юми ноябр идома меёбад. Шахсони аз 18 то 27-сола даъват мешаванд, ки барои хизмати ҳарбӣ коршояманду барои ба таъхир гузоштани хизмат ё озод шудан аз он асос надоранд.

Аллакай дар рӯзи аввали даъват дар Воруху Чоркӯҳ, Вахшу Фархор, Рашт ва ВМКБ аз иҷрои нақшаи даъват хабар доданд.

Ёдрас мекунем, ки мақомот иҷрои пеш аз мӯҳлати нақшаи даъват ба артишро ба афзоиши теъдоди ихтиёриён, пешниҳоди имтиёзҳо ба даъватшавандагон ва ҳамчунин баргузории чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ дар остонаи маъракаи даъват ба артиш шарҳ медиҳанд.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ бар ин назаранд, ки мушкили асосии маъракаҳои даъват ба хидмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон ҳолатҳои бо зӯр ба артиш бурдани ҷавонон, “сарбозшикор” ё “облава” мебошад.

Агар чунин шуморед, ки ҳангоми маъркаи даъват ба хидмат дар артиш нисбати шумо нодуруст ва ғайриқонунӣ рафтор кардаанд, масалан бо “облава” равон кардаанд – метавонед ба ташкилоту идораҳое, ки рӯйхаташонро мо дар тасвири зер гирдоварӣ намудем, муроҷиат кунед.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...