Ҳукумати Тоҷикистон дастур дод, ки Номгӯи муассисаҳои таълимии давлатии таҳсилоти олии касбӣ, ки дар сохтори онҳо кафедраҳо (факултетҳо)-и ҳарбӣ амал менамоянд, тасдиқ карда шавад. Қарор дар ин бора дар портали иттилоотии Вазорати адлияи ҷумҳурӣ нашр шудааст.
Вазорати мудофиа ва Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон уҳдадор шуданд, ки ҷиҳати амалигардонии қарори мазкур тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Номгӯй аз 9 мактаби олӣ иборат аст, ки дар сохторашон кафедраҳои ҳарбӣ амал мекунанд:
– Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;
– Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ;
– Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур;
– Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино;
– Донишгоҳи давлатии Данғара;
– Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон;
– Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саймумин Раҳимов;
– Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон;
– Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон.
Қобили зикр аст, ки пас аз қабули қонун “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” дар аввали соли 2021 дар таҳрири нав, хаткардагони мактабҳои олӣ, ки дар кафедраҳои ҳарбӣ аз омодагии ҳарбӣ гузаштаанд, низ дар артиш хидмат мекунанд, лекин на ду сол, балки ба муҳлати як сол.
То ин вақт хатмкардагони мактабҳои олӣ дар ҷамъомадҳои семоҳаи ҳарбӣ иштирок карда, бо анҷоми он рутбаи лейтенант мегирифтанд.
Бархе аз коршиносон бар ин назаранд, ки баъди қабули қонуни дар боло зикршуда таваҷҷуҳ ба гирифтани маълумоти олӣ нисбатан кам шуд.




