Бонки ҷаҳонӣ монеаҳои асосии рушди Тоҷикистонро номбар кард

Бонки ҷаҳонӣ ба мақомоти Тоҷикистон тавсия медиҳад, ки барои ноил гардидан ба ҳадафҳои Стратегияи миллии рушд то соли 2030 як қатор мушкилоти ҷиддиро ҳаллу фасл намоянд. Муаллифони гузориши нави Бонки ҷаҳонӣ “корхонаҳои давлатии бесамар, коррупсия, рақобати суст, алоқаи рақамии нокофӣ, мухобироти нақлиётии бад, миёнаравии нокофии молиявӣ, рушди сусти сармояи инсонӣ, осебпазирии назарраси иҷтимоӣ ва экологӣ”-ро […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Бонки ҷаҳонӣ ба мақомоти Тоҷикистон тавсия медиҳад, ки барои ноил гардидан ба ҳадафҳои Стратегияи миллии рушд то соли 2030 як қатор мушкилоти ҷиддиро ҳаллу фасл намоянд.

Муаллифони гузориши нави Бонки ҷаҳонӣ “корхонаҳои давлатии бесамар, коррупсия, рақобати суст, алоқаи рақамии нокофӣ, мухобироти нақлиётии бад, миёнаравии нокофии молиявӣ, рушди сусти сармояи инсонӣ, осебпазирии назарраси иҷтимоӣ ва экологӣ”-ро аз ҷумлаи ин мушкилот номбар кардаанд.

Дар гузориш гуфта мешавад, “муҳити кории душвор ба бунёди алтернативаҳои хусусии соҳавӣ” монеъа эҷод мекунад".

Ҳамчунин вобастагии зиёди иқтисоди ҷумҳурӣ аз интиқоли маблағ аз ҷониби муҳоҷирон ва сармоягузории хориҷӣ (қарз ва грантҳо) барои амалисозии лоиҳаҳои давлатӣ ва осебпазирии баланд ба таъсирҳо аз берун зикр мегардад.

Рушди нисбатан баланди иқтисодро дар даҳсолаи ахир (ба ҳисоби миёна 7,1%) таҳлилгарони Бонки ҷаҳонӣ ба “истеъмоли пулҳои интиқолӣ аз ҷониби хонаводаҳо ва сармоягузорӣ (қарз ва грантҳои хориҷӣ – эзоҳи идора) ба зерсохтори давлатӣ” марбут медонанд.

Дар гузориши моҳи июли Бонки ҷаҳонӣ дар бораи иқтисоди Тоҷикистон зикр гардида буд, ки соли 2022 ҳаҷми вуруди интиқоли пул ба ҷумҳурӣ зиёда аз 5,2 млрд долларро ташкил дода, ба ҳадди ниҳоии 49% нисбат ба ММД расид.

То ин замон вуруди нисбатан зиёди маблағ дар соли 2014 сабт шуда буд, ки ҳудуди 4,2 млрд долларро ташкил дод.

Бино ба маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, дар ҷумҳурӣ 82 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 4,5 млрд доллар мавриди амалишавӣ қарор дорад.

Зиёда аз 3,2 млрд доллар барои татбиқи ин лоиҳаҳо кумаки бебозгашт буда, 1,3 млрд доллараш қарз мебошад.

Дар нимсолаи аввал ба ҷумҳурӣ ба маблағи 736,1 млн доллар сармоягузории хориҷӣ ворид шудааст, ки 86,5 млн доллараш -сармоягузории мустақим ва 649,6 млн доллараш – грант ва қарзҳо мебошанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.