“Ӯ асабонӣ буд”. Рустам Ятимов муноқишаи лафзиаш бо Криштиану Роналдуро шарҳ дод

Рустам Ятимов, дарвозабони дастаи футболи “Истиқлол”-и Душанбе муноқишаи худ бо Криштиану Роналду, футболбози шинохтаи тими Португалия ва дастаи “Ан-Наср”-и Арабистони Саудиро шарҳ дода, гуфт, ки аввал ҳамдигарро дашном дода, бо гузашти чанде якдигарро ба оғӯш гирифтем. Рустам Ятимов ҳодисаро зимни як мусоҳиба ба хабарнигори “Варзиш ТВ” шарҳ додааст. Ӯ гуфтааст, дастаи “Ан-Наср” бо суръати баланд […]

Asia-Plus

Рустам Ятимов, дарвозабони дастаи футболи “Истиқлол”-и Душанбе муноқишаи худ бо Криштиану Роналду, футболбози шинохтаи тими Португалия ва дастаи “Ан-Наср”-и Арабистони Саудиро шарҳ дода, гуфт, ки аввал ҳамдигарро дашном дода, бо гузашти чанде якдигарро ба оғӯш гирифтем.

Рустам Ятимов ҳодисаро зимни як мусоҳиба ба хабарнигори “Варзиш ТВ” шарҳ додааст.

Ӯ гуфтааст, дастаи “Ан-Наср” бо суръати баланд бозӣ мекард ва онҳо кӯшиш кардаанд бо ҳар роҳ суръатро паст кунанд, аз ин лиҳоз бозиро кашол медоданд ва ин Роналдуро асабонӣ кардааст.

“Росташро гӯям, ба якдигар дашном додан гирифтем. Роналду ишора кард, ва ман чизе гуфтам. Ва ҳамин тавр рафт. Гуфтугӯ бо забони русӣ оғоз шуд, аммо ба ёдам омад, ки ӯ намефаҳмд, ҳаҳа… Пас аз он бо забонҳои сербӣ ва англисӣ суҳбат кардем. Аммо баъд аз ин мо якдигарро ба оғӯш гирифтем, сӯҳбат кардем ва бозиро идома додем. Ин эҳсосот чизҳои муқаррарӣ мебошанд”, – зикр кардааст Ятимов.

Дар идома Рустам Ятимов аз Криштиану Роналду ба ҳайси як футболбози хеле моҳир ва ҳирфаӣ тавсиф кардааст.

https://www.youtube.com/watch?v=“Истиқлол”-и Душанбе муноқишаи худ бо Криштиану Роналду, футболбози шинохтаи тими Португалия ва дастаи “Ан-Наср”-и Арабистони Саудиро

Бояд зикр кард, ки дар ҷараёни бозии “Истиқлол”-и Душанбе ва “Ан-Наср”-и Арабистони Саудӣ Криштиану Роналду ба Рустам Ятимов фишор овард ва чизе гуфт, ки мухлисон муҳтавои онро нафаҳмиданд, аммо дарк карданд, ки футболбозӣ португалӣ эътирози худро баён мекунад. Ин саҳна баҳсҳоро ба миён овард ва таваҷҷууҳи зиёдро ҷалб кард.

Бояд гуфт, ки бозии дастаҳои “Истиқлол” ва “Ан-Наср” рӯзи 2-юми октябри соли 2023 дар даври дуюми бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Лигаи Қаҳрамонҳои Осиёи 2023/24 дар шаҳри Ар-Риёзи Арабистони Саудӣ баргузор шуд ва бо пирӯзии “Ан-Наср” бо ҳисоби 3-1 анҷом ёфт.

Дар ин гурӯҳ ҳамчунин дастаҳои футболи “Персеполис”-и Эрон ва “Ад-Дуҳайл”-и Қатар бозӣ мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.