Ду зодаи Тоҷикистон аз комиссариати ҳарбии Русия фирор кардаанд

Date:

Ду зодаи Тоҷикистон, ки шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, аз комиссариати ҳарбии Маскав фирор карданд. Дар ин бора хабаргузории ТАСС бо такя ба дафтари матбуоти Сарраёсати тафтишотии Маскав хабар медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, айни замон бар зидди онҳо парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Аммо ному насаби онҳо интишор намешавад.

“Тибқи тафтишот ду нафар зодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли таваллудаш 2004 ва 2005, солҳои 2019 ва 2022 шаҳрвандии Русияро гирифтаанд. Ин ҷавонон ба хидмати ҳатмии ҳарбӣ даъват шудаанд. Онҳо аз макони ҷамъомади комиссариати ҳарбии Маскав, қаламрави худро тарк карда, ба самти номаълум ғайб задаанд”, – навиштааст Сарраёсати тафтишотии Маскав.

Тавре манбаъ меафзояд, аз рӯи ҷинояти пешбининамудаи моддаи 328,  қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Русия (саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ ва алтернативии шаҳрвандӣ) бар зидди ин ду зодаи Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Ҳоло муфаттишони Кумитаи тафтишотии Маскав аз рӯи ин ҳодиса чорабиниҳои тафтишотӣ мегузаронанд.

“Ба кормандони хадамоти оперативӣ супориш дода шуд, ки ҷиҳати муайян кардани макони будубоши ин афрод чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ анҷом диҳанд”, – афзуданд манбаъ.

Ба шаҳрвандоне, ки дар Русия аз комиссариатҳои ҳарбӣ фирор мекунанд, то ду соли зиндон ҷазо пешбинӣ шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...