Аз Аҳмад Масъуду Амруллоҳ Солеҳ то Абдуллоҳ Абдуллоҳу Ҳомид Карзай. Нишасти мухолифини Толибон дар Маскав

Date:

Раҳбарони сиёсии мухолифи Толибон*, аз ҷумла аъзои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ва Шӯрои муқовимат барои наҷоти Афғонистон моҳи ноябр дар Маскав нишаст баргузор мекунанд. Дар ин бора “Afganistan International” бо такя ба манобеаш иттилоъ медиҳад.

Тибқи даъватномаи меҳмонон, ки нусхаи он ба “Afganistan International” расидааст, дар ин нишаст намояндаи Вазорати корҳои хориҷӣ ва вакилони Думаи Русия низ ширкат хоҳанд кард.

Дар ин нишаст Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, Амруллоҳ Солеҳ, муовини аввали раиси пешини Ҷумҳурии исломии Афғонистон, Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси собиқи Шӯрои олии мусоҳила ва Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури пешини Афғонистон ширкат меварзанд.

Инчунин, Фазл Аҳмад Маънавӣ, Маҳмуди Сайқал, Муҳаммад Алам Эзидёр, Аҳмадвалӣ Масъуд, Баҳоуддин Ҷилонӣ, Машкур Кобулӣ, Халили Андробӣ, Залмай Юнисӣ, Сайид Боқири Муҳсинӣ, Мунир Тарахел, Атиқуллоҳ Барёлай, Додуллоҳ Қонеъ, Шамсуллоҳ Ориёнфар ва як теъдод мухолифини дигари Толибон дар ин нишаст ширкат мекунанд.

Аммо ба гуфтаи манобеъ, Салоҳиддини Раббонӣ ва Муҳаммад Муҳаққиқ, аъзои аршади ин Шӯрои раҳбарони муқовимат гуфтаанд, ки дар ин нишаст ширкат нахоҳанд кард.

Қаблан Сергей Миронов, раиси Ҳизби Русияи боадолат ва узви Думаи Русия дар дидор бо Аҳмад Масъуд гуфта буд, ки тирамоҳи имсол Думаи давлатии Русия як баҳси марбут ба Афғонистонро баргузор мекунад ва Аҳмад Масъудро даъват хоҳад кард.

Бояд гуфт, ки Русия борҳо мизбони нишастҳои байналмилалӣ оид ба Афғонистон будааст. Охирини он моҳи сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Қазони Тотористон доир гардид, ки бо номи “Формати Маскав” шинохта мешавад ва дар он намояндаи Толибон ширкат варзида буданд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сӯиқасд ба ҷони як генерал ва мансабдори баландпояи бахши истихбороти ҳарбии Русия

Ба ҷони генерал-лейтенант Владимир Алексеев, муовини аввали сардори Сарраёсати...

Мақомоти Эрон омори расмии ҷонбохтагони эътирозҳои охирро эълон карданд

Мақомоти Эрон мегӯянд, дар пайи эътирозҳои ахир дар ин...