Лигаи қаҳрамонҳои Осиё: Имрӯз “Истиқлол” бо “Персеполис” дар Душанбе бозӣ мекунад

Имрӯз, 7-уми ноябр, дастаҳои футболи “Истиқлол”-и Душанбе ва “Персеполис”-и Теҳрон дар доираи бозиҳои даври чоруми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё бо ҳам рақобат мекунанд. Бозӣ соати 19:00 дар варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад. Дар остонаи бозии “Истиқлол” – “Персеполис” бо иштироки намояндагони Конфедератсияи футболи Осиё, Федератсияи футболи Тоҷикистон, роҳбарони бошгоҳҳои футболи “Истиқлол” ва “Персеполис”, кумитаи […]

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Имрӯз, 7-уми ноябр, дастаҳои футболи “Истиқлол”-и Душанбе ва “Персеполис”-и Теҳрон дар доираи бозиҳои даври чоруми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё бо ҳам рақобат мекунанд.

Бозӣ соати 19:00 дар варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад.

Дар остонаи бозии “Истиқлол” – “Персеполис” бо иштироки намояндагони Конфедератсияи футболи Осиё, Федератсияи футболи Тоҷикистон, роҳбарони бошгоҳҳои футболи “Истиқлол” ва “Персеполис”, кумитаи тадорукот ва ҳайати дастаи “Персеполис” мулоқоти анъанавии пеш аз бозӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласа масъалаҳои ташкилии баргузории ин бозӣ баррасӣ шуданд. Рангҳои бозии дастаҳои ширкаткунанда низ муайян шуданд.

Қаҳрамони Тоҷикистон бо либоси сурх, бозигарони қаҳрамони Эрон бо либоси сафед бозӣ мекунанд.

Бошгоҳи футболи “Истиқлол” аз тамоми мухлисон хоҳиш кардааст, ки ба варзишгоҳ барвақттар хозир шаванд.

Бояд гуфт, ки ин охирин имконият барои дастаи “Истиқлол” ҷиҳати баромад аз гуруҳ мебошад. Айни ҳол “Истиқлол” пас аз даври сеюм бо 1 мусовӣ ва ду мағлубият соҳиби 1 хол гардида, бо назардошти таносуби манфии голҳо (1-5) дар мақоми охирини гуруҳи “Е” қарор дорад.

Дастаи “Ад-Дуҳайл”-и Қатар ҳам мисли “Истиқлол” як мусовӣ ва ду мағлубият дорад, аммо бо таносуби беҳтари голҳо (3-5) дар мақоми сеюм ҷойгир шудааст.

Дастаи “Персеполис”-и Эрон бошад, бо ду ғалаба ва як мағлубият 6 хол ба даст оварда, мақоми дуюмро касб кардааст.

Дастаи “Ан-Наср”-и Арабистони Саудӣ бо сардории Криштиану Роналду, ситораи футболи тими миллии Португал, дар се бозии баргузоркарда 3 ғалаба ба даст оварда, бо касби 9 хол, мақоми аввалро дар гуруҳ соҳиб шудааст.

Ба ин тартиб, агар имрӯз “Истиқлол” аз “Персеполис” хол ситонида натавонад, тамоми имконияти баромад аз гуруҳро аз даст хоҳад дод.

Ҷадвали бозиҳои “Истиқлол”:

Даври 5-ум

27-уми ноябр

“Ад-Дуҳайл” – “Истиқлол”

Даври 6-ум

5-уми декабр

“Истиқлол” – “Ан-Наср”

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.