Gallup: Аҳолии Тоҷикистон ба милитсия эътимод доранд. Шумо ба милитсия бовар доред?

Тоҷикистон дар байни 142 кишвари ҷаҳон аз лиҳози бовар ба пулис ҷойи аввалро ишғол кардааст. Инро як таҳқиқоти ҳамасолаи Шохиси қонун ва тартиботи Пажӯҳишгоҳи Гэллап (Gallup), ки ҳазор сокини Тоҷикистонро пурсидааст, собит намудааст. Ба навиштаи ин марказ, сокинони Тоҷикистон ба пулис эътимод доранд ва ҳангоми гаштугузори шабона эҳсоси хатар намекунанд. Гузориши ин марказ охири моҳи […]

Тоҷикистон дар байни 142 кишвари ҷаҳон аз лиҳози бовар ба пулис ҷойи аввалро ишғол кардааст. Инро як таҳқиқоти ҳамасолаи Шохиси қонун ва тартиботи Пажӯҳишгоҳи Гэллап (Gallup), ки ҳазор сокини Тоҷикистонро пурсидааст, собит намудааст.

Ба навиштаи ин марказ, сокинони Тоҷикистон ба пулис эътимод доранд ва ҳангоми гаштугузори шабона эҳсоси хатар намекунанд.

Гузориши ин марказ охири моҳи октябр нашр шуд ва дар он Тоҷикистон бо 96, Финландия ва Исландия бо 92-холӣ дар садри кишварҳои амни ҷаҳон ҷой гирифтаанд.

Дар ин раддабандӣ Либерия бо гирифтани 49 хол дар ҷои охир қарор гирифтааст.

Муаллифони гузориш гуфтаанд, аксари пурсидашудаҳо гуфтаанд, ки ба пулис эътимод доранд ва ҳангоми гаштугузори шабона хатареро эҳсос намекунанд.

Назарпурсӣ дар 141 кишвар тариқи телефон ё рӯбарӯ сурат гирифтааст. Аз ҳар кишваре ҳудуди ҳазор нафар дар ин назарпурсӣ ширкат кардаанд.

71 дарсади пурсидашудагон гуфтаанд, соли 2022 ҳангоми сайругашти шабона дар маҳалли зист худро амн ҳис кардаанд. 72 дарсад гуфтаанд, ба пулиси маҳаллӣ боварӣ доранд. Тақрибан аз ҳашт як нафар гуфтаанд, ки дар соли гузашта амволи онҳо ё аъзои дигари оилаашон дуздида шудааст. Аз 16 нафар як нафар гуфтааст, ки дар соли гузашта мавриди ҳамла ё дуздӣ қарор гирифтааст.

Соли гузашта дар ин раддабандӣ Сингапур, Тоҷикистон Норвегия ва Швейтсария дар ҷои аввал ва Конго, Венесуэла, Габон ва Афғонистон дар ҷои охир қарор доштанд.

Натиҷаи ин назарпурсӣ дар ҳоле нашр мешавад, ки солҳои охир хабарҳо дар мавриди шиканҷа ва озори боздоштшудаҳо аз ҷониби милитсия дар кишвар зиёд садо медиҳад.

“Азия-Плюс” соли гузашта, дар робита ба ҷашни Рӯзи милитсия, ки дар Тоҷикистон ҳамасола 10 ноябр ҷашн гирифта мешавад, дар кӯчаҳои пойтахт бо саволи “Ба милитсия боварӣ доред?” миёни сокинон назарпурсӣ гузаронид, ки метавонед ба он шинос шавед:

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.